БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

27 Июл 2021

ВОХӮРИИ НОМЗАД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Ш.ШОҲИН.  Вохӯрии  номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Ҳазрати Эмом, №30”  иҷрокунандаи вазифаи  раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин бо интихобкунандагон доир гардид.

ШАНБЕГИИ УМУМИНОҲИЯВӢ ДОИР ГАРДИД

А.ҶОМӢ. Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо корбарии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  корҳои ободонӣ ва тозаву озода нумудани гирду атрофи коргоҳҳо ва маҳаллаҳо доир карда шуданд.

ТАЪМИР БАҲРИ ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси маъмурият ва дастгирии падару модарон синфхонаҳои муассисаи таълимии №1-и ноҳия, ки ба таъмири ҷорӣ эҳтиёҷ дошт корҳои сохтмонӣ  оғоз ёфт.

МУҚОБИЛИ ДУШМАНИ МАРЗИИ ХУД ҲАМЕША БА ПО РОСТЕМ !!!

«Мо яроқи ҳастаӣ надорем, яроқи ҳастаии мо Ваҳдати миллии мо мебошад». Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

ШАНБЕГИИ УМУМИНОҲИЯВӢ ДАР ФАРХОР

ФАРХОР. Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Фархор бо корбарии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои ободонӣ ва тозаву озода нумудани гирду атрофи коргоҳҳо ва маҳаллаҳо доир карда шуданд.

АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ЭМИН БОШЕД!

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавируси COVID-19, истифодабарии мақсадноки нерӯи барқ  ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули  «хона ба хона» дар ҳудуди маҳаллаҳои ноҳия  гардиш доир намуданд.

ЭҲТИЁТ - НИМИ ҲАЁТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи маънавиёт ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия Айниддин Аслиддин дар маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Баҳманруд бо усули “Хона ба хона” вохӯрӣ баргузор намуданд.

ТАЪМИРИ ҶОРИИ МАКТАБҲО ДАР ҲАМКОРӢ БО КУМИТАИ ПАДАРУ МОДАРОН

ДӮСТӢ. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия таъмири мактабҳо ва дохили синфхонаҳо бо маром идома дошта, дар ин кор саҳми Кумитаҳои падару модарон, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзоҷу ҷонибдорони ҲХДТ назаррас мебошад.

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ҲАМЧУН МЕҲВАРИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Дар марҳилаи кунунии рушди Тоҷикистон масъалаҳои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ аз масъалаҳои усулии давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро кишвари мо аз имтиҳони ҷиддии таърихӣ гузашт, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намуда, ҷомеаи субот меҳварии худро ташкил дод.

ФАЗОИ ОРОМИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ

АНДЕША. Тоҷикон миллати тамаддунсоз ва фарҳангӣ буда, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, комёбиҳо ва сулҳу суботи кишвар қавитар гардида истодааст. Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва фазои  орому осуда орзуву мароми  ҳар як давлату миллат мебошад.

ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛА ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ ОЯНДА

ЁВОН. Бо мақсади баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳраки “Ҳаёти Нав” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор карда шуд.

Дар маҷлиси мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат,  иштирок ва суханронӣ намуд.

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

ДАНҒАРА. Бо иштироки  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии ҷангал” маҷлис гузаронида шуд.

ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!

ВОСЕЪ. Дар асоси датуру супоришҳо Роҳбарияти Олии ҲХДТ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии “Фидоиёни Ватан” дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбук маркази хизматрасонӣ, аз қабили дорухона, кошонаи ҳусн, нуқтаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ сохта ба истифода дода мешавад.

ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО САҲМИ АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲИЗБ

ВАХШ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии №11-и  Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи  ноҳияи Вахш бо саҳмгузории аъзои  фаъоли ҳизб ва Ассотсиатсияи падару модарон корҳои таъмиру азнавсозии  синфхонаҳо оѓоз шуда, то имруз аллакаӣ 15 синфхона аз таъмири ҷорӣ  бароварда шудааст.

ҶОМИ ҲХДТ: МУВАФФАҚИЯТИ “УРГУТМАҲАЛЛА” ВА “ҶАЪФАР АБДУЛЛОЕВ”

БОХТАР. Дар шаҳри Бохтар мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” бо маром идома дорад. 

КОРИ ШАШМОҲА ҚАНОАТБАХШ ДОНИСТА ШУД

БОХТАР. Дирўз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ороиши шаҳр» маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ доир шуд. Дар маҷлиси мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, аъзои ҲХДТ иштирок доштанд.

ТАТБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР МАҲАЛ

БАЛҶУВОН. Бо мақсади  татбиқи Аксияи ҳизбии  “Рӯзи ёдоварӣ”   дар Мазори Ҳазрати Хӯҷа Челони Ҷамоати деҳоти Балҷувон  бо иштироки  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  дар якҷоягӣ бо сокинону фаъолони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони  Ватан”  корҳои ободонӣ роҳандозӣ гардид.

БОЗИИ ФУТБОЛИ ХУРД МИЁНИ ДАСТАҲОИ ДУХТАРОНА

Ҷ.БАЛХӢ. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд, барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” дар саросари ҷумҳурии азизамон миёни дастаҳои ғайрикасбӣ рафта истодааст.

ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар муассисаҳои таълимии ноҳия таъмири мактабҳо ва дохили синфхонаҳо бо маром идома дошта, дар ин кор саҳми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолону ҷонибдорони ҲХДТ назаррас мебошад.

30- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛРО ИСТИҚБОЛ МЕКУНЕМ

Ҷ.БАЛХӢ. Бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини  Балхӣ миёни сокинон ва ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ озмунҳои ҳизбии "Беҳтарин маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ" , "Меҳмонхонаи беҳтарин", "Ташкилоти ибтидоии сол", "Беҳтарин иншооти гигиенӣ", "Беҳтарин кӯча" ва "Хонаи тоза" тарғиб карда шуда, сокинон барои иштироки фаъолона дар озмунҳои ҳизбӣ роҳнамоӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg