БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

12 Июл 2021

САҲМГУЗОРӢ ДАР ОБОДОНИИ МАҲАЛ

ҶАЙҲУН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун баҳри истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки масъулинни Кумита, фаъолони деҳаҳои Фирдавсии  ҷамоати деҳоти “Ваҳдати миллӣ” аксияи ободонӣ зери унвони  “Якҷоя месозем!” баргузор гардид.

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ”

ҶАЙҲУН. Дар доираи аксияи Ҳизбӣ  “Якҷоя ҳал мекунем” ё “Якҷоя месозем” бо иқдоми аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Эмҳамадов Қаландар  сохтмони синфхонаҳои иловаги дар назди муассисаи таълимии №35 дар деҳаи Фирдавсӣ роҳандозӣ гардид.

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи №2” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

ТАДБИРЕ, КИ БОИСИ ТАҲСИН АСТ

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия бо ҷалби аъзо, омӯзгорон деворҳои гирду атрофи муассиса рангубор карда шуда, роҳбари муассиса қайд намуданд, ки дар рӯзҳои наздик пурра дохили синфхонаҳо таъмир карда мешаванд.

ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛӢ –НАҶОТБАХШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

АНДЕША. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро дар шароити набудани роҳбари давлат оғоз кард. Дар ҷараёни иҷлосия, баъд аз мубоҳисаҳои зиёд ҷиҳати идомаи иҷлосия, институти президентӣ барҳам дода шуда, раиси Шӯрои Олӣ ҳамчун роҳбари давлат аз нав интихоб гардид. Ба ин вазифа роҳбари 40 сола- Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид.

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

ПАНҶ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти ба номи “Кабут Сайфутдинов ” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии мазкур баргузор гардид.

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ПАНҶ. Бо иштироки кормандони масъули Кумита дар ҷамоати деҳоти  "Нури ваҳдат" ва деҳаи "Гулистон 1-2"-и ҷамоат маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гардид. Дар рафти маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Хурсандов Қ. ва Ишанқулов Э. аз натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар шаш моҳи соли 2021 ҳисобот доданд.

ПЕШГИРИИ СOVID-19 МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНАРО ТАЛАБ МЕНАМОЯД

НОРАК. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус (COVID-19) бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардида истодааст.

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ- ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “БАРҚЧИЁН”

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Баркчиён” вохӯрӣ бо иштироки аъзои фаъоли ҳизб аз ташкилоти номбурда баргузор гардид.

ТАНЗИМ БАРАКАТИ ЗИНДАГИСТ

КӮЛОБ. Дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати дещоти  Зарбдори шаҳри Кӯлоб бо иштироки корманди масъули ҳизбӣ  Саъбугул Валиева ва дигар шахсони масъул бо эмомхатибон ва раисони маҳаллаҳо ҷиҳати  дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохӯрӣ доир гардид.

ҲИЗБИЁН ҲИСОБОТ ДОДАНД

КӮЛОБ. Бо  иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саймуминзода Фирӯз Саймумин ва раиси ташкилоти ибтидоӣ – Шомадов Ниёзмад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи вилоятӣ” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ЯКУМИ ҲИЗБИЁН ХУБ АРЗЁБӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстии халқҳо” бо иштироки мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон – Ҳусейнова Сайёра, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саймуминзода Фирӯз Саймумин, корманди масъули ҳизбӣ  Саъбугул Валиева ва раиси ташкилоти ибтидоӣ Темрушоев Рустам вохӯрӣ доир гардид.

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БА ДАСТ ОВАРДАНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

КӮЛОБ. Тибқи нақша- чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" бахшида ба “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва моҳияти таърихӣ доштани он” доир гардид.

БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ТАДБИРҲО АНДЕШИДА МЕШАВАД

      ДӮСТӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии Ковид-19, ҳамкориро бо дигар ташкилоту идораҳо хуб ба роҳ монда, ба роҳбарон ва кормандони идораҳо тавсия дода мешавад, ки ба ғайр аз истифодаи ниқобу антисептик, барои пешгирии ин беморӣ моро лозим меояд, ки ҳар ҳафта як ма

АКСИЯИ ТАРҒИБОТӢ

БОХТАР. Дар асоси дастуру супоришҳои ситоди шаҳрӣ оид ба мубориза бо бемории сироятии коронавирус дар бозори “Фаровон-Қӯрғонтеппа” аксияи тарғиботӣ доир гардид. Аксияи мазкур дар доираи ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр ва роҳбари бозори “Фаровон Қӯрғонтеппа” ташкил карда шуд.

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ

ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Деҳқонободи ноҳия бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид. Маҷлисро масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кушода, оид ба фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ баромад намуд.

ТАВАҶҶУҲ ВА ДАСТГИРӢ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби  сокинони деҳаи Фрунзеи ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  амалиёт оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир карда шуд.

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР МАҲАЛ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баҳор” бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg