БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

16 Июл 2018

Тарғии Аксияи “Якҷоя ҳал мекнем” дар байни сокинони маҳал

Ш.ШОҲИН. Барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда соли гузашта дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ тасис дода шуд. Ҳамчунин озод кардани ширкатҳои сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрукӣ барои воридоти таҷҳизот  ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ низ аз иқдомҳои босамари  пешгирифтаи давлату Ҳукумат ҷиҳати рушди соҳа мебошад.

Таъмини ҳифзи сиҳатии омма яке аз ҳадафҳои муҳими ҲХДТ мебошад!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХД дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати таъмини иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи минтақавии №1»-и ноҳияи Ҷайҳун хониши сиёсии ҳизбӣ оид ба расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба аъзои ташкилоти ибтидоии болозикр бо иштироки кормандони

Хониши сиёсӣ ва оғози қисмати тарғиботии аксияи “Якҷоя ҳал мекунем!”

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон  бо иштироки муовини раиси-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Файзи Хуросон» бо аъзову кормандони он хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Пешгирии беморӣ воситаи беҳтарини солимии ҷомеа мебошад!

ХОВАЛИНГ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар маҷлисгоҳи китобхонаи марказии ноҳия дар байни занони фаъоле, ки аз ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия даъват шуда буданд, атрофи яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва масъулияти мардум хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Фаровонии дастархон аз рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста аст!

ҲАМАДОНӢ. Кормандои масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муродалӣ Шамсов ва Гадоӣ Сайдалиев бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Раёсати кишоварзӣ» вохӯри баргузор карданд.

Сокинон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳавасманданд

ФАРХОР. Дар маҳаллаи №4-и шаҳраки Фархор, ки дар ҳудуди он ташкилоти ибтидоии ҲХДТ бо номи «Истиқлол»  таъсис дода шудааст, сокинон бо ҳавасмандии хеле зиёд, намоиши ҳунарҳои мардумиро доир намуданд.

Покизагии муҳити зист баёнгари фарҳанги болои миллат аст

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузори хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо  вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.   

Дар пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ташаббуси бештар нишон диҳем!

ЛЕВАКАНТ. Дар толори Беморхонаи марказии шаҳри Левакант кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб бо аъзои ҳизб вохӯрӣ баргузор намуданд.

Фаъолони ҳизб дар сарсабзии Ватан саҳм мегузоранд

ПАНҶ. Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҷараёни баргузории вохӯриҳоро, ки хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳо вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро дарбар мегиранд, мутобиқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо ба роҳ мондааст.

Огоҳонидани мардум аз хавфу хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк»-и шаҳр вохӯрӣ доир карда шуд. Дар ин вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ аз тарафи мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Фирдавс Ғафурзода ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” Сайфзода Шаҳло андешаронӣ карда шуд.

Кишоварзон аз ҳосили фаровони имсола хушнуд мебошанд

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Кушониён   дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия ҷиҳати  боз  ҳам  густариш  бахшидани  иртибот  бо  мардум ва  ҷалби  омма  дар  амалӣ  намудани  ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ бо  сокинон  вохӯриҳоро  баргузор  намуда  истодаанд.

ҲХДТ –ҳизби бунёдгари ормонҳои миллат

ҚУБОДИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии “Орзу”-и  ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо иштироки  мудири шуъбаи занон ва ҷавонон Ф. Абдураҳимова оид  ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ суханронӣ намуд.

Ҳунарҳои мардумӣ нишонаи фарҳангу асолати миллӣ аст

ЁВОН. Дар воқеъ эълон гардидани соли 2018, ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як зан, модар ва бонуи тоҷику Тоҷикистониро водор намуд, ки зан-модари тоҷик аз азал ҳунарманд буд ва ҳунарманд мемонад.

Роҳандозии озмунҳои ҳизбии “Тарроҳи беҳтарин” ва “Маликаи Хатлон” дар ноҳия

ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ пайваста  вохӯрию мулоқотҳоро баргузор намуда  истодаанд.

Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!” сокинонро сарҷамъ ва ба корҳои созандагӣ сафарбар намуд!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Талхоби ҷамоати деҳоти Оқсу бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо ҷалби аҳолии деҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хониши сиёсӣ доир карда шуд.

ХНИ ташкилоти терористиву экстремистӣ ва аъзои ин ташкилот хоинони миллати тоҷик мебошанд!

ВОСЕЪ. Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия Ситамова Роҳила ва Мирзоева Гулрухсор дар ташкилоти ибтидоии “Кумо” атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва таъсири фоҷеабори гуруҳҳои ифроти дар ҷомеа, тарғиби ташаббуси созандаи Тоҷикистон барои ҷ

Модарони тоҷик ба хоинони миллат нафрати беандоза доранд!

ВАХШ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии деҳаи "Роҳи нав-2" -и ҷамоати деҳоти Тоҷикобод бо занону бонувони деҳаи мазкур вохӯриву суҳбат атрофи мавзӯъи "Тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон" вохӯрӣ доир карда шуд.

Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим ҳунарманду эҷодкору ободгаранд

БОХТАР.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғли аҳолӣ» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгири Раҷабализода Парвиз ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан   иштирок ва андешаронӣ карданд.

Ҳунарҳои мардумӣ бо суръати баланд рушд карда истодаанд

Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барномаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро, ки соли 2018-ро Соли тақвияти робита дар маҳал эълон намудааст, дастгирӣ намуда, ташкилотҳои ибтидоии ноҳияро бо ба

ҲХДТ -таблиғгари ҳадафҳои созанда баҳри ободии Ватан

ШАҲРИТУЗ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар ташкилоту муассиса, деҳаву маҳаллаҳо оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Барқ» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира мулоқот баргузор гардид.

Мусоидат дар таъмини амнияти иттилоотӣ вазифаи ҳар як фарди кишвар аст!

ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Зарзамин» корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзeъи «Ҷаҳонишавӣ ва мушкилотҳои амнияти иттилоотӣ» бо иштироки мудири шуъбаи таблиuот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов доир гардид.

Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар амал

ДӮСТӢ. Раиси ташкилоти ибтидоии “Мужда» дар  маҳаллаи ба номи А. Каримови ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ Абубакр Ҷалолов,  дар якҷоягӣ бо сокинони маҳал Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро дастгирӣ намуда, тасмим гирифтанд, ки сохтмони 16 метр девори қабристони деҳаи Шаҳдрез, ки ба кӯчаи ба номи А. Каримов тааллуқ дорад, бо сохтани таҳкурсӣ ва девори он корро оғоз намуданд.

Рушди сайёҳӣ ба пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар заминаи устувор хоҳад гузошт

ВОСЕЪ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи ҳизб ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ татбиқкунандаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар маҳал мебошанд

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.

Шумораи №13 (313) аз 11.07.2018

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg