БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

05 Июл 2018

Тарбияи ватандӯстӣ дар мактаби сулҳи Пешвои миллат

АНДЕША. Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳамаи давру замон мардуми олам дар пайравии  сарварони замони худ, ки эшон раҳкушову раҳнамои доно маҳсуб мешуданд, зиндагӣ мекарданд ва бо дастуру раҳнамоии онҳо ҳаёти худро гуногун мегузарониданду мушкилоти рӯзмарраи хешро бартараф менамуданд.

Хоҷагидорӣ ва корҳои хонагӣ манбаҳои асосии ҷойи кори сердаромад!

АНДЕША. Имрӯзҳо тавре ба назар мерасад бахше аз ҷавонон бо мақсади ёфтани кори сердаромад ба хориҷи кишвар, хоса ба Федератсияи Россия сафар менамоянд. Як гурӯҳи дигаре ҳам худро бекор ба қайд гузошатаанд. Тавре сардори шуъбаи агентии назорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Бохтар Назиров Аюб иброз дошт, тули 6 моҳи соли ҷорӣ дар ин шуъба 942 нафар шахсони бекор ба қайд гирифта шуда, 563 нафари онҳо ба ҷойи кор таъмин гардиданд.

Асолати миллии мо дар гулҳои чакан нақш бастааст

БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудаанд.

Ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

ЁВОН. Дар деҳаи Тағайободи болои ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон  аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон чорабинии фарҳангӣ ва Аксияи ҳизбӣ баргузор гардид. Бевосита чорабинии мазкур бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Гулистон” ташкил ва баргузор гардид.

Ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест…

А.ҶОМӢ. Вохӯриву суҳбатҳои гурӯҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Абдурахмони Ҷомӣ дар ҳудуди маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо мақсади фаҳмонидани самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар мавзӯъҳои тарғибу татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, рушди ҳунарҳои мард

Ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари таърихи пурғановати миллати тоҷиканд!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Себзор» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Фарҳод Обидов баргузор гардид.

Ҳуввияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ниҳоди ҷомеа ташаккул ёфтааст!

ХУРОСОН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон, чорабиниҳои сатҳи маҳал бомаром баргузор гашта истодаанд.

Меомӯзем ва меомӯзонем...

ХОВАЛИНГ. Инсоният дар ҳама давру замон ва дар ҳама синну сол ниёз ба омӯзиш дорад.

Ҷалби мардуми маҳал ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ

ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва Фирӯз Пиров бо истиқоматкунандагони деҳаи Саркокули ҷамоати Чубеки ноҳия вохӯрӣ гузарониданд.

Хизмат ба мардум шарафи бузург аст!

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузори хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муасисаҳо  вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид  ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия Боронов Сабзаалӣ дар шуъбаи САҲШ-и  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир гардид.  

Риояи қонунҳои миллӣ омили тарбияи дуруст ва ояндаи дурахшони фарзандон

ПАНҶ. Мутобиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар  маҳаллаи 50 солагии Қушунҳои сарҳадӣ барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва пос доштани асолату ҳуввияти миллӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дар заминаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот ва чорабинии х

Тарғиби истифодаи босамари замин миёни ҷомеа

ЛЕВАКАНТ. Вохўрии навбатии раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар шањри Левакант С.Ватанзода бо раисони ташкилотњои ибтидоии њизбї дар толори Кумитаи иљроияи ЊХДТ баргузор гардид.

Тақвияти ҳуввияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ дар мадди назар

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён  барномаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро, ки соли 2018-ро Соли тақвияти робита дар маҳал эълон кардааст,  дастгирӣ намуда , ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро  оид ба барномаҳои ҳизбӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он ошно карда истодаанд.

Рушди соҳаи кишоваризӣ ва хоҷагидорӣ тақозои замон аст

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо саҳмдорони Ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии деҳқонии Ориёно”  вобаста ба нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун барномаи мукаммали рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисоди маънидод карда мешавад, вохӯрӣ доир карда шуд.

Татбиқи сиёсати мардумпарваронаи Пешвои миллат дар амал

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо имрӯз намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Сабоҳат Каримова ва раиси Шӯрои собиқадорони назди Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Сафархолов Қутбиддин барои боздид ва баргузории суҳбату вохӯриҳо атрофи самтҳои муайянгардидаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии  пӯшидаи «Маркази барқу гармидиҳии Ёвон» рафта, аз

Ҳунар беҳтар аз ганҷи Қорун бувад...

ДӮСТӢ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ бо як гурӯҳ занону бонувони ҳунарманди ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Лаби дарё» вохӯрӣ доир намуданд.

Рушди ҳунарҳои мардумӣ ва соҳаи сайёҳӣ заминагузор ба ояндаи босаодат

ВОСЕЪ. Чуноне, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд,  бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳии кишвар пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.

Сокинон пуштибони давлату миллат ва Пешвои миллатанд!

ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ­ дар ноҳияи Вахш оид ба фаъолияти ташк­илотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ бо иштироки раи­си Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ­Маҳмадов Одилҷон дар ташкилоти ибтидоии ҳ­избии «Меҳробод 1»-и ҷамоати деҳоти Машъали ноҳия ҷамъомади ҳизбӣ доир карда шуд.

Ҳидоятҳои Пешвои миллат дастури кору фаъолиятамон аст!

БАЛҶУВОН. Дар деҳаи  Резгаи ҷамоати деҳоти  Сари Хосори ноҳияи Балҷувон бо иштироки  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Ғуломов Асомуддин  мулоқот доир карда шуд.

Роҳнамоии сокинон ба татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Мавқеи ҲХДТ дар маҳал боз ҳам устувортар мегардад

А.ҶОМӢ. Баҳри иҷрои дастуру супориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, тибқи ҷадвали тасдиқгардида,  дар маҳаллаи «Бӯстон Сулаймонова»-и ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки беш аз 200 нафар сокинони қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусан ҷавонони маҳалла вохӯриву суҳбатҳои судманд баргузор карда шуд.

Сокинон аз амалҳои террористиву экстремистии гуруҳҳои барои миллати мо зиёноварро огоҳанд

БАЛҶУВОН. Тибқи   ҷадвали баргузории вохӯриҳои Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи   Балҷувон   дар деҳаҳои Аспирингони дараи Сафедараи ҷамоати деҳоти  Сари Хосор бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.

Миллат тоҷик дорои таъриху фарҳанги қадима аст!

Ҷ.БАЛХӢ. Иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муазами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,буд ки соли 2018-ро дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ин пешниҳод туҳфаи хеле арзишмандест барои мардуми ҳунарманди тоҷик.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg