Activities calendar

11 Апрел 2018

Устод Айнӣ - хирадманди бузурги Шарқ

Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин  Айнӣ 27 (15) апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро  ба дунё омадааст. Устод Айнӣ тайи  16 сол дар  мадрасаҳои Мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалтоши Бухоро  таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад. Дар мавриди рӯзгори устод Айнӣ ва корномаҳои ӯ таҳқиқоти фаровон дар дохилу хориҷи Тоҷикистон сурат гирифтаву матолиби зиёд ба нашр расидаанд.

ҲХДТ – муҳофизи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар.

  Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шамсиддини  Шохин дар деҳаи  Нишораки  Ҷамоати деҳоти  Лангардара бо бошандагони деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Паёме, ки омӯзиши роҳи субот аст!

ШАҲРИТУЗ. Дар деҳаи Хокаки ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов, бо иштироки кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз, ва бо иштироки зиёда аз 42-нафар аъзоёну сокинони деҳаи болозикр вохӯрӣ баргузор гашт.

Хизматҳои созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони кишвар дарк кардаанд.

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Трансформатор» бо аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор карда шуд.

Мафкураи сиёсии сокинони маҳал боло рафтааст.

А.ҶОМӢ. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, дар махаллаи «Ҳаёти нав»-и ҷамоати деҳоти 50 солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, гурӯҳи кории кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо иштироки сокинон, алалхусус занону ҷавонони маҳаллӣ  вохуриву суҳбатҳои  судманд доир намуданд.

Тарғиби ҳадафҳои барномавии ҳизб дар маҳал

ХУРОСОН. дар деҳаи Пахтаободи Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат, мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Подшоқулов Парвиз, раиси деҳаи Пахтаобод Тағоев Иззат ва аҳли ҷамоатчигии деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Огоҳонидани сокинон аз хатарҳои терроризму экстремизм

ШАҲРИТУЗ. Бо иштироки кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар деҳаи Насос-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов, бо иштироки зиёда аз 28-нафар  аъзоёни ҳизбу сокинони деҳаи болозикр вохӯрӣ баргузор гашт.

Аъзоёни ҲХДТ ташаббускору масъулиятшиносанд!

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади қавитар гардонидани фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Чилчаи Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус, ки асосан аз ҳисоби омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 иборат мебошад, бо иштироки    кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати Раҷабзода Маҳмадсаид ва Садбарги Абдураҳим тибқи ҷадвали вохӯриҳо бо аъзоёни ташкилот вохӯрӣ баргузор гардид.

Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ

НОРАК. Гуруҳи таблиғотии ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳо

Ҳама ҳуқуқ ба таҳсилро доранд

ЁВОН. Бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бори дуюм дар  деҳаи Парчасойи ҷамоати деҳоти  Обшорон миёни мардуми Қабилаи Лулиён  вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-ҳизби созандаю бунёдкор

ДУСТӢ.  Намояндагони  Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ бо аъзоёни худ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кулулобод»  вобаста ба густариш ёфтан ва рушди тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор намуданд.

Таблиғотӣ созанда дар маҳал

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади тақвият бахшидани иртибот бо маҳал, ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю озода ва обод гардонидани ноҳия дар шоҳроҳи ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шанбеги гузаронида шуд.

Барои ҷавонон хизмат ба Ватан шараф аст!

ЁВОН. Чанде қабл дар доираи нақша-чорабиниҳо аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо як гурӯҳ ҷавонони ноҳия бобати ҷалби онҳо ба хизмати Ватан - Модар  вохӯрӣ баргузор гардид.

Каъбаи умеди мо халқ асту бас!

ХОВАЛИНГ. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ин афзоиш додани ҷонибдорони ҳизб мебошад. Ба ин мақсад Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.  

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ

ҚУБОДИЁН. Дар деҳаи Ахчаи Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён тибқи нақша - чорабинии тасдиқгардида бо аҳли сокинони  ҷамоати номбурда  вохӯрӣ баргузор гардид. 

Ҳунарҳои мардумӣ ривоҷ меёбанд.

ЁВОН. Таҳти чунин унвон чанде қабл дар литсейи касбии техники ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. Вохӯрии мазкур дар партави Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 баргузор гардид.

Таблиғот рисолати аслии фаъолияти сиёсии ҳизб

ЛЕВАКАНТ. Мувофиқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, дар кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ 21, 25 ва Нурулло Абдуллоев  44 бо иштироки 75 нафар сокинони маҳал мулоқоти судманд  баргузор  гардид.

Коррупсия ба рушти устувори давлат монеа эҷод менамояд.

ХОВАЛИНГ. Коррупсия  дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт гардида, оромиву суботро халалдор сохта, боварии мардумро ба давлату ҳукумат коста мегардонад.

Мароми таблиғоти мо созандагист!

ЛЕВАКАНТ. Мувофиқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, гуруҳи кори бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита Валиев Суҳроб, Абдурашид Усмонов сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр аз ташкилотҳои ибтидоии роҳи оҳанчиён  дидан намуда, ҷиҳати пешбурди корҳо дар фаъолияти ҳизбӣ дастур

Ҷалби занон дар амалигардонии ҳадафҳои ҲХДТ

Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо занон ва ҷавонон вохӯри баргузор гардид.

Нақши Пешвои миллат дар дастгирӣ ва тарбияи ҷавонони эҷодкор

АНДЕША. Тоҷикон дар арсаи таърих бо офаридани арзишҳои олии маънавӣ ва фикрӣ қудрати созандагии хешро ҳамчун холиқи муҳити комили фарҳангӣ, мероси ғании маданиву адабӣ, илмиву фалсафӣ собит сохтааст.

Моҳияти ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об

АНДЕША. Имрӯз масъалаи норасоӣ ва мушкилоти об дар сайёра ба яке аз самтҳои меҳварии фаъолияти созмону ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳидаи дунё табдил ёфтааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо моҳияти асосии масъалаи норасоии об ва то кадом андоза вобастагӣ доштани инсониятро аз ин неъмати бебаҳо, ки  омили  мавҷудияти ҳаёт дар рӯйи замин аст, дарк намудаанд.

Пешвои миллат ва нерӯи пешоҳанги ҷомеа

АНДЕША. Дар замони муосир дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати нерӯи бузургу бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Ҳар як кишвари олам вобаста ба шакли давлатдориву тарзи идоракунии хеш ва таҳавулотҳои ҷомеа, ба ин қишри фаъолу нерӯи созанда ва таъсиргузори ҷомеа муносибатҳои хосро роҳандозӣ менамояд.

“Озодандешон”, ё ҷамоате бо фарти харӣ

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо шахсони хоину дурӯя, ки бо бадхоҳияшон нисбати давлату миллат машҳуранд анҷумане бо ном "озодандешон" таъсис дода, пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари миллати тоҷик борони туҳматҳоро мерезанд. Баҳсу мунозираҳо карда, баромадҳои бемаврид ва бемазмунро баён менамоянд.

Оромгоҳи шайх Неъматуллоҳи Валӣ – зиёратгоҳи ҷаҳониён

БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Шайх Неъматуллоҳи Кирмонӣ дар ҷаҳони илму маърифат бо номҳои Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Шайх Сайидшоҳ Неъматуллоҳи Кирмонӣ ва Шоҳ Неъматуллоҳи Зарробӣ маълуму машҳур аст. Ному насаби пурраи олим, шоир ва мутафаккир Сайид Нуриддин Неъматуллоҳ бинни Абдуллоҳ буда, яке аз барҷастатарин чеҳраҳои фарҳангу адаб мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Релизҳо

_____________