АНДЕША. Вассофи сулҳу дӯстӣ, шоир ва ватанпарвар – Мирзо Турсунзода ба мо мероси гаронбаҳои шеъру сурудҳои ҷовидона боқӣ гузоштааст, ки дар онҳо дарди гузаштаю имрӯза ва ояндаи миллат бар мехӯрад. Гузашта аз ин, устод ҳамчун арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ ба ҳайси Раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олам шӯҳрати беандоза дошт.