ВОКУНИШ. Оре, мард он нафарест, ки дасту дили нек, виҷдони пок дораду барои нангу номуси Ватан ҷони хешро сипар месозад, зеро Ватан ҷойест ки мо дар оғуши зебояш ба дунё омадаву бакамол расидаем. Ватан “хиёнат” –ро намебахшад. “Хиёнат” ба Ватан “хиёнат” ба Модар аст.
АНДЕША. Воқеан имрӯз кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо сарварии Пешвои муаззам хеш, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои оқилонаву одилонаи хеш дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як давлати ташаббускор шинохта шудааст.
АНДЕША. Сухан ганҷинаи бузургест, ки баробари аз забон омаданаш чун дурри гарон ва ҷилобахши шунавандаро ба худ ҷалб менамояд. Сухан тиреро мемонад, ки баробари аз камон ҷастан метавонад касро ё чизеро ҳалок созад. Сухан нӯшдорӯеро мемонад, ки беморонро қуввату мадор, ҳастию тавон, нерӯю ҷон, солимонро ақлу ҳуш ва заковату ибрат мебахшад. Беҳуда нагуфтаанд:
ДАНҒАРА. Тибқи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баҳри баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Нозироти Андози ноҳия амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ - ифтихори ман!” гузаронида шуд.
ДАНҒАРА. Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “КАТС” – и ноҳия, маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ гузаронида шуд.
ДАНҒАРА. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи ҷавонон, мудири бахши Омори Кумита иҷроия маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ доир гардид. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Тоиров Хуршед кушода, оид ба фаъолияти ташкилот ҳисобот дод. Тоиров Хуршед бо тарафдории аъзои ташкилот аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.
ВОСЕЪ. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия корҳои сохтмонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррамгардонӣ ҷараён дорад. Бо ин мақсад айни ҳол дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев, ки дар маркази ноҳия воқеъ мебошад, корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома доранд.
ВОСЕЪ. Барои самаранок ва оқилона истифода бурдани замин Худоёрзода Алихон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ, аъзои ҲХДТ бо фаъолон ва кишоварзони ҷамоати деҳоти Тугарак вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар давраи паҳншавии бемории сироятии коронавирус зарурати барзиёд истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва нигоҳ доштани арзиши маҳсулоти худӣ мебошад.
ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ваҳдати ҷамоати деҳоти Маданият масҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки намояндагони КИ ҲХДТ, Илҳомҷон Ҳамидиён, Суфизода Шодмон ва намоянда аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Ишмуродов Ҳакимҷон баргузор гардид.
ҶАЙҲУН. Мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ-Ҳамидиён Илҳомҷон, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ -Суфизода Шодмон, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон- Ишмуродов Ҳакимҷон дар якҷоягӣ бо Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мадад” воқеъ дар ҳ
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12