АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Дар баробари баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “УМЕД” дар доираи озмунҳои вилоятӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи як қатор номинатсияҳои кумитаи тадорукотӣ озмун баргузор гардид.
ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Имон - интернейшнл” иштирок намуданд.
Зимни баргузории маҷлиси ҳисоботӣ Инаев Фаридун раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.
АНДЕША. Одамият дар тӯли мавҷудияташ, бо истифода аз ақлу заковати хеш сарватҳои моддию маънавии зиёде офаридааст. Китоб низ ҳамчун сарвати бузурги маънавӣ дар ҷомеаи башарӣ ҳамчун маҳсули ақлу заковати мардумони соҳибтамаддун шинохта мешавад. Нақши китоб дар инкишофи маънавиёт ва ташаккули шахсияти инсон саҳми бағоят бузург дорад.
ФАРХОР.
ДАНҒАРА. Дар доираи нақша – чорабиниҳо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, баҳри беҳдошти зисту зиндагонии мардум бетараф набуда, бо усули “хона ба хона” оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии бемории коронавирус бо аҳолӣ суҳбат оростанд.
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии “Ситора” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло ҷамъомади аъзои ҲХДТ доир гардид. Номбурда ба сухан баромада, доир ба мавқеи имрӯзаи ҲХДТ дар ҷомеа, ҳадафҳои барномавии ҳизб андешаронӣ намуд. Аз ҷумла, ў таъкид дошт, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз ҷавонон ба фаъолияти ҲХДТ таваҷҷуҳи махсус доранд.
ҲАМАДОНӢ. Кормандони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуданд.
ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти Фархор бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.
ФАРХОР. Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳия бо корбарии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои ободонӣ ва тозаву озода нумудани гирду атрофи коргоҳҳо ва маҳаллаҳо доир карда шуданд.
ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар Литсейи давлатӣ бо ҷалби аъзо, омӯзгорон ва фаъолони ҳизб деворҳои гирду атрофи муассиса рангубор карда шуда, роҳбари муассиса қайд намуданд, ки дар рӯзҳои наздик пурра дохили синфхонаҳо таъмир карда мешаванд.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12