ПАНҶ. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Пуштароғ» ва «Сурхоб» бо баррасии ду масъала- интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва ба низом даровардани ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси ҳизбӣ гузаронида шуд.
ПАНҶ. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шоҳмот-1” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид. Дар чорабинии ҳизбӣ якчанд синфхонаҳои муассиса аз таъмир бароварда шуда, дар таъмири муассиса мардуми маҳал низ ба ҳалли проблемаи мактаб кумак расониданд.
ПАНҶ. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зафар” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардида, якчанд синфхонаҳои муассисаро аз таъмир бароварданд.
ПАНҶ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Лолазор » ва «Ҳамдилон» бо баррасии ду масъала- интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва ба низом даровардани ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ маҷлис гузаронида шуд.
БОХТАР. Бо ташаббуси роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Осорхонаи вилоят" дар кӯчаҳои марказии шаҳри Бохтар Аксияи тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ташкил ва гузаронида шуд.
Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бозори Салтанат” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид. Маҷлисро масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кушода, оид ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2021 дар ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дода, бо тарафдории аъзои ташкилоти ибтидоӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.
АНДЕША. Баъди гузаронидани чораву тадбирҳои зиддиэпидемикӣ авҷи бемории коронавирус коҳиш ёфтааст. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватанӣ таъмини сохторҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо таҷҳизоту лавозимотҳои тиббӣ, либосҳои худмуҳофизатӣ, маводҳои доруворӣ, сатҳу сифати хизматрасонии тиббии аҳолӣ хубтару беҳтар гардидааст.
АНДЕША. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз бемории КОВИД-19 дар ҳама кишварҳои ҷаҳон паҳн шуда истодааст ва ягон ҷомеа ва давлате нест, ки аз хатари он эмин монда бошад. Барои пешгирӣ ва барҳам задани ин беморӣ кӯшишҳо ба харҷ дода истодаанд.
ҶАЙҲУН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун баҳри истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки масъулинни Кумита, фаъолони деҳаҳои Фирдавсии ҷамоати деҳоти “Ваҳдати миллӣ” аксияи ободонӣ зери унвони “Якҷоя месозем!” баргузор гардид.
ҶАЙҲУН. Дар доираи аксияи Ҳизбӣ “Якҷоя ҳал мекунем” ё “Якҷоя месозем” бо иқдоми аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Эмҳамадов Қаландар сохтмони синфхонаҳои иловаги дар назди муассисаи таълимии №35 дар деҳаи Фирдавсӣ роҳандозӣ гардид.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12