ВОСЕЪ. 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз мегирем ин шиор аст барои ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос, зеро ин ҷашни тақдирсози миллат барои ҳар як фарди Тоҷикистони муқаддас аст. Ин аст, ки кормандони соҳаи тибби ноҳияи Восеъ аз як гиребон сар бароварда, дар корҳои ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.