БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ҲАМЧУН ЧАРОҒИ РОҲНАМО ВА ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

ҶАЙҲУН. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки гурӯҳи тарғиботии ҳизб дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол дар  деҳаи Деҳқонобод вохӯрӣ баргузор гардид.

ОБОДОНИИ МАҲАЛ АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ СОКИНОН ВОБАСТАГӢ ДОРАД

Н.ХУСРАВ.  Бо  мақсади  дар  амал  татбиқ  намудани   дастуру  ҳидоятҳои Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  Дар  Паёми   имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси олии кишвар  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  тарғиботиву ташвиқотиро  оид ба  амалисозии   дастуру ҳидоятҳои    Паёми  имсола   дар  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбӣ   роҳандозӣ  намуда  истодааст. 

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲНАМОИ МО БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

ҲАМАДОНӢ. Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо роҳбарии раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо сокинони Ҷамоати деҳоти Чубек оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат вохӯрӣ гузарониданд.

ДЕҲАРО САРСАБЗУ ХУРРАМ МЕГАРДОНЕМ!

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таги намак”-и Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Аксияи ҳизбии “Кабудизоркунии маҳал” гузаронида шуд.

ТАРҒИБОТ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ФАРХОР. Дар доираи нақша- чорабиниҳо масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва қувваи барқ бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди маҳаллаҳои  ноҳия гардиш доир намуданд.

ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ФАЪОЛОН БО СИПОСНОМАИ ҲИЗБӢ САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

НОРАК. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Норак  маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак баргузор гардид.

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДОИР ГАРДИД

ЛЕВАКАНТ. Дар Мақомоти иҷроияихокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода маҷлиси Кумитаи иҷроия доир гардид.

ПАЁМ РОҲНАМОЕСТ БАҲРИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

ҶАЙҲУН. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  дар Ҷамоати деҳоти  Қумсангир мулоқот  баргузор гардид.

БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ЁДОВАРӢ АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁНИ КӮЛОБ

КӮЛОБ. Дар асоси нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” дар қабристони деҳаи Гулбоғи Ҷамоати деҳоти Зиракӣ ҳашари дастаҷамъона доир карда шуд.

МАСЪАЛАГУЗОРИҲОИ ПАЁМ ДАСТУРАМАЛИ МУКАММАЛ БАРОИ КОРБАРИИ АҲЛИ ҶОМЕА

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Содиқов” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ суҳбат атрофи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg