БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ барои ҳимояи манфиатҳои халқ талош варзида, ҳама гуна амалҳои ифротиро маҳкум менамояд!

А.ҶОМӢ. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, дар асоси нақшаи тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ғайрат»  бо иштироки қишрҳои гуногуни ҷомеа шаҳрвандӣ соати сиёсӣ баргузор гардид.

Ҳунарманд ҳамеша арҷманду соҳибмақом аст!

ХОВАЛИНГ. Неъматулло Ҳабибов аз хурдӣ ба касби кандакорӣ, ба тайёр кардани ҳар гуна асбобҳои рӯзгор, аз ҷумлаи дару тиреза, ҷевон, табақ, қошуқу чахчӯб ва дигар олотҳои рӯзгор шавқу рағбати зиёд дорад.

Амали ноҷавонмардонаи наҳзатиён пеши роҳи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро гирифта наметавонад

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маҳаллаи № 9» чорабинии фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир намуданд. Дар рафти чорабинӣ нахуст бо сокинон суҳбат намуда, оид ба ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон маълумот доданд.

ХИЁНАТ БА МИЛЛАТ АМАЛИ НОБАХШИДАНИСТ! Изҳороти Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноӣ содир гардид ва дар натиҷа чанд нафар сайёҳони хориҷӣ захмӣ шудаву чанд тани дигар ба ҳалокат расиданд, қотеъона маҳкум намуда, ба аҳли оилаи ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ ва ба зарардидагони ин фоҷиа шифои комил таманно мекунад.

БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАХОҲАНД РАСИД. Изҳороти Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”

Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” амали ноҷавонмардонаи як гуруҳ хоинонро, ки боиси марги 4 нафар ва захми шудани 2 нафар сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон гардид, қотеона маҳкум менамоянд. Ин амали даҳшатбор, ки дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи хоинони миллат роҳандозӣ гардид, баёнгари нотавонбинӣ ва ҳасодату душманӣ дар баробари рушду инкишофи Тоҷикистон ва иқдомҳои созандаи давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад.

Мо мардуми тоҷик иғвою дасисаҳои зидди давлату миллатро қотеъона маҳкум мекунем!

ПАНҶ. Вақтҳои охир сафсатаю бадгӯиҳои наҳзатиҳои лаънатшуда бештар дар сомонаҳо паҳн гашта истодаанд. Онҳо бо ин роҳ мехоҳанд мардумро дубора гумроҳ созанд.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба анъанаҳои неки ниёгон умри дубора бахшид

МУЪМИНОБОД. Дар кӯчаи ба номи Асрори ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо сокинон бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  чорабинии фарҳангӣ  баргузор гардид.

Либоси миллӣ муаррифгари давлату миллат

ЛЕВАКАНТ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ЛКСК» мизи мудаввар бахшида ба  27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2018 Соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Либоси миллӣ шаъну шарафи духтари тоҷик» баргузор гардид.

Терроризму экстремизм: сабабҳои авҷгирӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз онҳо

КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи Фарҳоди ҷамоати шаҳраки  Бохтариён бо сокинони маҳалла оид ба тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Эҳёгардонии ҳунарҳои аҷдодӣ тавассути чорабиниҳо

КӮЛОБ. Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg