БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён амали ваҳшиёнаи наҳзатиён дар ноҳияи Данғараро маҳкум карданд!

МУЪМИНОБОД. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи  Муъминобод хониши сиёсӣ доир кард.  

Раҳнамоии ҳизбиён дар амалигардонии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”

ЛЕВАКАНТ. Вазифаи мо масъулони ҳизбї пеш аз ҳама дар он аст, ки бо ҷалби раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҳизб, ки онҳо асоси татбиқкунандаи ғояҳои ҳизбии мо дар ҷамъият мебошанд суҳбату вохӯриҳоро доир намоем. 

Ҷавонон- амали террористӣ бар зидди сайёҳонро маҳкум карда, ба наҳзатиён лаънат мегӯянд!

КУШОНИЁН. Намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар якҷояги бо Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ ноҳия фаъолияти пурсамари худро ба роҳ монда,  барои  расидан   ба  ҳадафҳои  созандаю бунёдкорона, тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ, баланд бардоштани обрӯ ва эътибори миллат ва давлати Тоҷикистон  фаъолият  менамоянд.

Рӯҳи сайёҳони қурбоншудаи амали террористӣ шод бод!

ҚУБОДИЁН. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал дар деҳаи Ҳаёти ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади эҳтиром ба хотираи қурбониёни амали террористӣ, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон анҷом дода шуд бо занони ҳунарманд вохӯрӣ баргузор гардид.

Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми наҳзатиёни бадхоҳро ба анҷоми амалҳои террористӣ водошт

ДӮСТӢ. Бо  мақсади аз байн бурдани таасуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани ҷомеа дар байни аҳолии деҳаи Ҷангалпарвари ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.

Сокинон ба наҳзатиҳо лаънат хонданд!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Сафедсанги ҷамоати деҳоти Лоҳур ҳамоиш бо мақсади маҳкум намудани амалҳои ноҷавонмардонаи гуруҳҳои ифротӣ, ки ҷони чанд нафар сайёҳони хориҷиро дар шоҳроҳи ҳудуди ноҳияи Данғара рабуда буд, баргузор гардид.

Амали ноҷавонмардонаи наҳзатиён сокинонро дар Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дилшикаста нахоҳад кард!

ВОСЕЪ. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва дар самти амалишавии ҷадвали баргузории чорабиниҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Гулгашти ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев намоиши ҳунарҳои миллӣ баргузор гардид.

Ҳодисаи фоҷеабори ҳалокати сайёҳон дар замири аҳли ҷомеа ҳисси нафрат ба наҳзатиёнро зиёд намуд!

ВАХШ. Дирӯз д­ар ма­ҳа­ллаи Якатут 3- и ҷамоати деҳоти Тоҷик­об­оди ноҳ­ия бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Нуралиева Мадина ва раиси Кумитаи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Тоҷикобод Раҳимов Аслиддин ­во­баста ба самтҳои афзалиятноки фаъолият­и­ ҲХДТ ва нишон додани вокуниши фаврӣ ба амалҳои террористони манфури наҳзатӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид­.

Наҳзатиён бо амалҳои террористии худ мардумро аз роҳи созандагӣ гардонида наметавонанд!

БАЛҶУВОН. Дар деҳаҳои  Холдорчашма, Оличадара ва Дашти Ҷантоқои  ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон бо иштироки  кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинон вобаста самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва огоҳонидани сокинони маҳал аз амалҳои разилонаи гуруҳҳои ифротӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Ҳуҷум ба сайёҳон амали ноҷавонмардонаи наҳзатиён буд

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати молия»-и ноҳия тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳодисаву воқеаҳои рӯйдода хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg