БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар чорабинии ҳизбӣ масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа баррасӣ гардиданд

КУШОНИЁН. Вохӯрии кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Абдуллоев Мирвоҳид ва Неъматуллоева Сабоҳат бо мардуми деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Навбаҳор сурат гирифт.

Завқи мардум нисбати омӯзиши ҳунарҳои миллӣ бедор гардидааст

КӮЛОБ. Вобаста ба нақшаи тасдиқгардида бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар маҳаллаи М.Ҳакимови шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Валиева Саъбагул баргузор гардид.

Ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари фарҳанги миллати тоҷик аст

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Чимғилиши ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳия чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

«Соли рушди ҳунарҳои мардумӣ» завқи занону бонувони ҳунармандро дучанд намуд

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби масъулин оид ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Яккатол»-и ҷамоати деҳоти Деҳқонобод озмуни ҳизбӣ таҳти унвони “Армуғони хатлонӣ” ва “Кадбонуи беҳтарин” ташкил ва гузаронида шуд.

Иродаи матини халқи ватандӯсту ватанпарвар пеши роҳи амалҳои худхоҳонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯро гирифт

ДАНҒАРА. Замоне расидааст, ки гурӯҳҳои бадхоҳи миллат даст боло бардошта, иқрор мешаванд, ки ин халқу миллат ҳеҷ гоҳ сар хам намекунад ва иҷозат намедиҳад, ки пойи нохалафе ба хоки ин сарзамини аҷдодӣ ва соҳибтамаддун гузошта шавад.

Солимии ҷомеа асоси рушду нумӯи давлат аст

ВОСЕЪ. Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи сил”-и ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила хониши сиёсӣ доир гардид.

Вакили мардумӣ ба намоишгоҳи ҳунармандон ва фаъолияти ҳизбиён дар маҳал баҳои баланд дод

ВАХШ. Дар деҳаи Файзбахши ҷамоати деҳоти Ваҳдат вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси фраксияи ҲХДТ дар парлумони кишвар Сафарзода Бахтовар Амиралӣ бо сокинони маҳалла доир гардид.

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинонро муттаҳид намуд

БАЛҶУВОН. Дар деҳаҳои Обшорон ва Арараки ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон бо иштироки  кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо сокинони деҳа атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҷавонон ҳунарҳои дастиро меомӯзанд

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияҳои Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Қизил-Аскари ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал  ва чорабини

Масхарапаймони 4 наҳзатӣ ва лухтакбозиҳои сиёсӣ

ВОКУНИШ. Чанде қабл ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва ифтихор аз Ватандориву давлатдории миллӣ таҷлил карда шуд. Ин рӯйдоди муҳим бо баргузор гардидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ба истифода додани объектҳои иҷтимоӣ ва гузоштани санги асос ба иншоотҳои муҳимӣ ҷамъиятӣ алоқаманд буд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg