БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон шукргузор аз суботу оромии ватананд

Ҷ.БАЛХӢ. Дар гузаргоҳи маҳаллаи Синои ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал намоиши ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд.

Тарғиби урфу одат ва анъанаҳои миллӣ дар деҳот

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Шоҳони боло вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ доир намуданд.

Кӯшиши масъулон баҳри фаҳмонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ аст

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ш.Шоҳтемур-2»-и деҳаи Пушкини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-аималии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», оид ба ҳарчи бештар тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ бо маҳал ва иҷроиши дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб, кормандони масъули ҳизбӣ вохӯриву мулоқотро баргузор намуданд.

Шахсони ватандӯсту хайрхоҳ дар Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” саҳм гузоштанд

ҲАМАДОНӢ. Дар беморхонаи минтақавии деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳаи Меҳнатобод вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо табибону кормандон баргузор  гардид.

Фаровонии рӯзгори мардуми кишварамон яке аз ҳадафҳои муҳими ҲХДТ мебошад

ПАНҶ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷараёни баргузории чорабиниҳову хонишҳои сиёсиро  мутобиқи ҷадвали баргузории вохӯриву  сӯҳбатҳо ба роҳ монда истодааст. Вазифаи асосии ҳизбиён  ташкил ва дар сатҳи баланд  ба роҳ мондани  ин чорабиниҳои сиёсӣ мебошад.

Ҷалби сокинон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ тавассути намоиши ҳунарҳои мардумӣ

КӮЛОБ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Меҳробод намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Солимии миллат пойдории давлат аст

ДАНҒАРА. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи дар Маркази мубориза бо бемориҳои тропикии (вараҷа) ноҳияи Данғара бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор карда шуд.

Ҷон медиҳем, аммо Ватанамонро ба бегонапарастон намедиҳем

ВОКУНИШ. Дар охири асри 20 ва аввалҳои асри 21 инсоният ба хатари ҷиддие мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам тахдид мекунад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.

Наҳзатиён дар ботлоқи фитнаи ақидавӣ то гуш ғутидаанд

ВОКУНИШ. Нисбат додани Дини мубини Исломро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва ба мақсадҳои гуруҳии худ анҷом додани амалҳои муғриғона раво нест. Мо бояд бидонем, ки Дини Мубини Ислом Дини сулҳу салоҳ, некиву накӯкорӣ, ободонӣ ва ислоҳи ҷомеа аз амалҳо нопок ва Дини насиҳатомез аст. Ташкилоти экстримисти террористии Ҳизби наҳзат бо роҳи фиреби ақидавӣ хунрезии мардумро мехоҳад.

Наҳзатиёни иғвогарро дигар на ришашон мусалмон мекунаду на номи ҳизбашон!!!

ВОКУНИШ. Ислом дар миёни дигар динҳо дине мебошад, ки аз замони зуҳураш то ба ҳол дар таълиму тарбия, маърифаткунии ҳаёти ҷомеа, ахлоқи хонаводагӣ, тарбияи дурӯсти фарзанд, ростгӯиву росткорӣ, ҳақиқатҷӯиву ҳифзи Ватан ва зиндагонии шоиста саҳми боризе гузошта, дар тамаддуни халқҳои гуногуни машриқзамин ҷойгоҳи махсусеро касб кардааст.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg