ДӮСТӢ. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ба шуғл фаро гирифтани занону бонувон раиси комиссияи кор бо занони назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Рӯзигул Рустамова бо бонувони сехи дӯзандагии «Шарофат»-и ҷамоати деҳоти Нури Вахш вохӯрӣ баргузор намуд.
ДАНҒАРА. Маориф соҳаи ояндасози ҷамъият буда, баҳри рушду нумуи он соли 2017 ҷиҳати сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Барои таълиму тарбияи хуб гирифтани хонандагон симои асоси устод-муаллим мебошад ва хонанда дониши устодро мегирад. Шиори омӯзгорон бояд «Биомӯзем, то биомӯзонем» бошад.
ВОСЕЪ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҳамаи ташкилоту муасиссаҳо ва маҳаллаҳои ноҳия оид ба расонидани нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ дар маҳаллаҳо, зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ вохӯрию мулоқотҳоро баргузор намуда истодааст.
Ҷ. БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва рушди ҷомеаи деҳот» бо мақсади ҷалби занон ба корҳои заминдорӣ ва баланд бардоштани нақши онҳо дар ислоҳот ва истифодабарии замин тренинги яксола бо фарогирии занони маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гашта истодааст.
ФАРХОР. Дар қаламрави ноҳия оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ ташкил шудаанд, ки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия низ ба ин гурӯҳҳо шомил гардиданд.
САРБАНД. Бо мақсади тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Сарбанд бо сокинони деҳаи Табакчӣ баргузор гардид.
МУЪМИНОБОД. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Муъминобод бо иштироки сокинони ҳудуди ҷамоати номбурда ҷамъомад доир гардид.
ҚӮРҒОНТЕППА. Мутобиқи ҷадвали тасдиқгардидаи вохӯриҳои Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар маҳаллаи Ҷалолиддини Румии шаҳр вохӯрӣ доир гардид.
Ш.ШОҲИН. Вохӯриҳои таблиғотӣ дар ноҳия идома дошта, ин навбат ба гурӯҳи корӣ директори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Анвар Ниёзӣ , мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидов, сармуҳаррири маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" Шоҳона Одиназода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Насимҷон Ғоибзода, ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомил буданд.
А.ҶОМӢ. Санаи 16.01.2018 ҷиҳати иҷрои дастури Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва дастгирии аъзои Кумитаҳои иҷроияи вилоятиву ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳия Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо иштироки 100 нафар коргузорону фаъолони ташкилотҳои ҳизбии ноҳия ва раисони маҳаллаҳо семинар-машварат дар мавзӯи «Амалисозии самтҳои аф
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12