БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷараён доранд

ҲАМАДОНӢ.Дар асоси ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯдакистони №2» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.

Ҳизбиён шахсони ниёзманди ҷомеаро дастгирӣ мекунанд

КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилотҳои ибтидоии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологӣ, тропикӣ” ва “Маркази дизенфексионӣ” вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баргузор гардид.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб соли 2018-ро бо муваффақиятҳои назаррас ҷаъбаст намуд

КӮЛОБ. Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти Раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроия, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Каримзода Саломуддин ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидиён баргузор гардид.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳизбиёни ноҳияи Данғара дар соли 2018 ва вазифагузориҳо барои соли 2019

ДАНҒАРА. Ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар соли 2018 ва вазифагузориҳо барои соли 2019 маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, ки дар кори маҷлис аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии муассисаю корхонаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони  муассисаҳои таълимии маркази ноҳия иштирок доштанд.

Паёми Пешвои миллат нақшаест барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобхонаи шаҳр» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи кор бо занон Ҳакимова Волида тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Паём - роҳнамои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат

ШАҲРИТУЗ.Тибқи нақшаи  вохӯриҳои гурӯҳи тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз оид ба баррасии  муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти ба номи  Ҷӯра Назаров, деҳаи ба номи Асомиддин Муродов вохӯрӣ баргузор гардид.

Корҳои ободонӣ дар маҳал амалӣ мегарданд

А.ҶОМӢ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор гардидани хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Бӯстон-4»-и деҳаи Бӯстон Сулаймонова-1 ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо мақсади таъмини зиндагии шоиста, амали

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ фаъолон қадршиносӣ гардиданд

ҶАЙҲУН. Дирӯз маҷлиси ҷамъбастӣ  оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияиҶайҳун дар соли 2018 баргузор гардид.

Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар маҳал идома дорад

Н. ХУСРАВ. Дар  толори  Қасри   фарҳангӣ  ноҳия вохӯрии  гурӯҳи  корӣ  бо  роҳбарону  кормандони  ташкилоту  муассисаҳо, раисони  ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбӣ,  раисони  маҳаллаҳо,  сокинони   ҷамоати  деҳоти  Фирӯза  бо  иштироки зиёда  аз  500 нафар  баргузор  гардид.  

Ҳизбиён сокинонро ба корҳои созандагиву ободонӣ даъват намуданд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фахробод»-и ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳия бо сокинон в

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg