23- СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ ВА НАҚШИ ОН ДАР РАВАНДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКИСТОН

Printer-friendly versionSend by email

32534534534534.jpgАъзои ҳизби мо хуб медонад, ки санаи 10-уми декабри соли 1994 рӯзи таъсисёбии ҳизб мебошад. Имсол аз ин санаи таърихии сиёсӣ 23 сол пур мегардад. Агар ба таърихи ҳизб назар андозем, он дар замони соҳибистиқлолии ватани азизамон таъсис ёфта, ба саҳнаи сиёсии мамлакат ворид гардидааст. Дар ин бора Раиси муаззами ҳизбамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштанд, ки "Ҳизби Халқии Демокра­тии Тоҷикистон ҳизби зодаи истиқлоли кишвар буда, он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои садоқати халқ ва ободии ватан саъю талош меварзад".

Барномаи сиёсӣ-иқтисодии ҳизби мо дар асоси имкониятҳои воқеӣ ва таҳлили илмӣ мураттаб гардида, дар онҳо бандҳои тасодуфӣ ҷой надоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, созандагиву ободкорӣ дар байни дигар давлатҳои дунё мавқеи устувор дошта, обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ бо шарофати ташаббусҳои созанда ва ҷаҳду талошҳои дурандешонаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол баланд мегардад.

Дар раванди сиёсати дохилӣ бошад, ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол марҳила ба марҳила ба комёбиҳои назаррас ноил мегардад. Бояд таъкид намуд, ки дар шароити гуногунандешии сиёсӣ ва мавҷудияти бисёрҳизбӣ масъулияти ҳизби мо, ҳамчун ҳизби ғолиби парлумони кишвар ниҳоят бузург аст. Мақсади аслии ҳизб саодати халқи кишвар аст ва бо дигар ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар доираи қонун фаъолият мекунанд, робитаи созанда дораду ба фаъолияти қонунии онҳо эҳтиром мегузорад.

Омилҳои пирӯзии ҳизби мо зиёд аст. Қисме аз ҳарифони сиёсии мо даъвои онро доштанд, ки обрӯи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба он вобаста аст, ки роҳбарии онро Президента мамлакатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад. Бале, роҳбари давлати мо барои ором кардани вазъи сиёсии мамлакат, баргардонидани гурезаҳо, аз буҳрони иқтисодӣ наҷот додани кишвар ва ободу зебо гардонидани мамлакат корҳои бузургеро анҷом дод ва зина ба зина корҳои бузургтари созандагиву бунёдкориро роҳандозӣ кардааст, ки таърихи миллати мо назирашро надида буд. Бинобар ин, дар миёни мардум обрӯ ва маҳбубияти хосса дорад.

Ҳизби Халқии Демок­ратии Тоҷикистон боз номзадҳои соҳибобрӯ ва арзандаро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо пешбарӣ мекунад, ки аксари онҳо пирӯзиро ба даст меоранд. Сол то сол обрӯ ва нуфузи ҲХДТ баландтар гардида истодааст.

Дар сафи ҳизби мо ҷавонон фаъоланд, ки дар ҳақиқат созандагони имрӯзу фардои ин меҳананд. Ҳамчунин теъдоди занон низ дар сафи ҳизб зиёд мешавад, ки ин хеле хушҳолкунанда мебошад. Чаро, ки дар партави сиёсати оқилонаву дурандешонаи раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо зиёд мушоҳида мешавад, ки зан-вакил, зан-вазир, зан-аъзои ҳукумат, зан-олим, соҳибкори муваффақ, омӯзгори ботаҷриба, табиби ҳозиқ ва муҳандису энергетик барин вазифаҳои пурмаҳсулро ба зима гирифта, тавонистааст нақши худро дар рушди тамоми соҳаҳо гузорад.

Бо муносибати 23-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Ҳизби созанда ва бунёдкор, ҳизбе ки масъулияти олии ватансозиро ба дӯш дорад, ҳамаи ҳамватанон, аъзо ва ҷонибдорони шарафманди онро самимона муборакбодӣ менамоям.

 

Аловуддин АМИРЗОДА - мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.