Ҷойи ӯ дар пойгоҳи шахсиятҳои содиқу вафодори Ватан холиву ёдаш дар дилҳост…

Printer-friendly versionSend by email

Бо арзи эҳтиром ёдовар мешавем, ки ходими намоёни давлативу сиёсии Тоҷикистон Сафаров Сафар Ғайюрович 22 майи соли 1947 дар оилаи собиқадори ҷангу меҳнат, марди далеру шуҷои Ватан бобои Ғайюр Сафаров ба дунё омадаанд. Хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, инчунин  Донишкадаи политехникӣ ва Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд будаанд. 

           Фаъолияти меҳнатии Сафаров Сафар Ғайюрович соли 1970 аз вазифаи муҳандиси калони  корхонаи пахтатозакунии шаҳри Кӯлоб оғоз ёфта, то вазифаҳои баланди давлативу сиёсӣ расидааст. Дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарии шаҳру ноҳияи Қурғонтеппаву Темурмалик, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири фавқулодда ва комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва давлати Украина, муовини котиби Созмони ҳамкориҳои Шанхай, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кор карданашон, шодравон Сафаров Сафар Ғайюрович ба халқу Ватан содиқона ва хеле пурсамар хизмат кардаанд.

            Ҳамкорони собиқ ӯро чун роҳбари донову ташаббускор ва дорои масъулияти баланд, рафиқи меҳрубону ғамхор, вале нисбати худу ҳамкорон серталаб, баҳогузорӣ менамоянд. Кордониву корбарии Сафар Ғайюрович ҳанӯз  солҳои 1979-1988 дар водии Вахш ҳамчун як падидаи наве дар миёни мансабдорони ҳизбиву ҳукуматӣ ба назар мерасид ва барояшон зуҳуроти  маҳалгароӣ ва хешутаборчигӣ  бегона буд. Ин хислати ватанпарастонаро тибқи вазифаи хидматиашон, ҳангоми таълиму тарбия ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, поквиҷдонона ва пайваста амалӣ мекарданд.  Дар ин ҷода  Сафаров Сафар Ғайюрович   чунин ақида доштанд: «Амалӣ намудани мақсадҳо дар ҳар кадом сохтору ташкилоте набошад, пеш аз ҳама ба кадрҳои болаёқат, соҳибтаҷриба ва дорои тахассусу малакаи идроки моҳияти таҳаввулоти замон,  вобастагӣ дорад».  Ҳамин аст, ки имрӯз дар саросари Тоҷикистон ва хориҷи он шогирдони ин марди шариф дар вазифаву мансабҳои гуногуну пурмасъулияти давлативу сиёсӣ ва ҷамъиятӣ фидокорона хизмати халқу давлатро ба ҷо оварда истодаанд.

          Солҳои барқарорсозии сохти конститутсионии давлати Тоҷикистон донишу таҷриба, истеъдоду лаёқати ташкилотчигӣ ва роҳбарии Сафаров Сафар Ғайюрович боз ҳам хубтар зоҳир мегардиданд, ки дар ҳамон рӯзҳои парешонии ҷомеа, яъне солҳои 1991-1993,  хеле зарур ва бамаврид буданд. Пеш аз ҳама Сафар Сафаров яке аз ҳасафону ҳаммаслакони содиқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи дохиливу хориҷии Ҷаноби Олӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Шахсан нисбати Пешвои миллат С.Ғ.Сафаров чунин ақида доштанд: «Муборизаю ҷонфидоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба хотири наҷоти миллату давлат ба гунае буд, ки метавон гуфт, ки ӯ аз худ гузашт, то мо ба ҳам омадем».

         Устод Сафар Сафаров  ҳамчун муҳандис, иқтисодчӣ, олим ва сиёсатмадор солҳои 1991-2000 дар раванди ташаккули институтҳои сохтори давлатӣ,  аз ҷумла Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми арзанда гузоштаанд.  

         Хирадмандиву дипломатияи  сатҳи баланди Сафаров Сафар Ғайюрович дар тӯли солҳои 2001-2007, ки  вазифаи Сафири  фавқулодда ва комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россияро ба зима доштанд, мушоҳида мегардид. Ин фосиларо шояд як давраи нисбатан хуби муносибатҳои Тоҷикистон бо шарики боэътимоду  стратегии  худ-Федератсияи Россия шуморидан    мумкин бошад.

        Моҳи декабри соли 2009 Сафаров Сафар Ғайюрович муовини якӯми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардида, то декабри соли 2014 дар ин вазифа буданд. Ин марҳалаи фаъолияти С.Ғ. Сафаровро ҳамчун давраи амалигардонии дастуру супориши Пешвои миллат ҷиҳати эҳёи сохтори ташкилӣ, таблиғотӣ ва молиявии ҳизб дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, инчунин  баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар арсаи байналмилалӣ номидан мумкин аст. Воқеан дар ин давра дар  ташкилотҳои ҳизбӣ низоми муайяни ташкиливу таблиғотиву молиявӣ барқарор гардида, шумораи аъзои ҲХДТ  ба маротиб афзуд. Дар вилояти Хатлон бошад теъдоди аъзои ҳизб нисбати соли 2010  то 5 баробар зиёд гардида ба 173 ҳазор расид. Танҳо дар қаламрави вилояти Хатлон ба тариқи ҳашар 7 биноҳои маъмурии ҳизбӣ сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон табақаи муайяни кормандони касбии ҳизбӣ, ки мактаби ибратомӯзи шодравон Сафар Ғайюровичро гузаштанд, барои хизмат ба миллат ва Пешвои муаззами он омода гардиданд.

          Эҳсоси баланди масъулиятшиносиву дониш ва малакаи касбии ҳизбии С.Ғ.Сафаров имконият медоданд, ки ташкилотҳои ҳизбӣ бо ташаббусҳои созандаи худ  аксияҳои ҳизбӣ, рӯзҳои ҳизб ва  чорабиниҳои дигари фарҳангиву сиёсӣ баргузор намуда, хусусан дар маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар мавқеи устувори худро нисбати дастгирӣ ва ҳимояи сиёсати давлату ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир намоянд. Асоси мавқеи устувори ҳизби моро дар ҷомеа Сафар Ғайюрович аз шарофату бузургии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медиданд ва дар китобашон «Ҳизби зодаи Истиқлолият» дар ин бора чунин навиштаанд: «Маҳбубияте, ки Сарвари ҳизби мо дар миёни омма доранд, ҳамчунин эътимоду боварии халқ ба ҲХДТ сарвати бузурге мебошад, ки ба воситаи он ғояҳо ва ҳадафҳои ҳизбамонро муваффақона амалӣ мегардонем».

       Хислатҳои неки инсонии шодравон Сафар Сафаровро ҳамагон ёд дорем. Хоксорӣ, кордониву ташкилотчигӣ, масъулиятшиносӣ ва дӯст доштани Ватан аз ҷумлаи ин хислатҳост. Ӯ мегуфт: «Халқ нерӯи бузург аст. Мисли дарё, ки чизи нодаркорро ба соҳил мепартояд, сараро аз носара ҷудо мекунад. Шахсоне ҳастанд, ки андаке дар кӯчаи сиёсатмадорӣ гом бардошта ё худ вазифаеро соҳиб гашта худро нисбати дигарон дар зинаҳои боло эҳсос мекунанд. Одам чӣ қадар дар мансабу  вазифа боло равад, ҳамон дараҷа бояд оддию хоксор бошад».

        Ҳамин тавр хушбину зебоипараст буданд ва дар дил орзӯи оромиву осудагии халқро мепарвариданд. Дар ин бора дар як суҳбат бо рӯзноманигори ҳафтавораи: «Миллат» моҳи июли соли 2010 чунин ибрози ақида доштаанд: «Аз рангҳо ранги сафедро мепазирам. Зимнан яке аз рангҳои Парчами миллиамон ҳам,  ранги парчами ҳизбамон низ сафед аст. Мехоҳам кулли мардум боназокат бошанд. Расму анъанаҳои хубамонро муаррифӣ карда тавонем. Ахлоқу одоби ҳамида дошта бошем. Рӯзгору зиндагии мардумро ободу осуда дидан мехоҳам».

       Инак  шаш моҳ  мешавад, ки яке аз ходимони маъруфи сиёсиву давлатии кишвар Сафаров Сафар Ғайюрович ин дунёро падруд гуфтаанд.  Хислатҳои неку одамгарӣ, хоксорӣ, дараҷаи баланди кордонӣ ва лаёқати роҳбарӣ дар вазифаҳои гуногуни хоҷагӣ, давлатию сиёсӣ, инчунин масъулияти баланд дар  таълиму тарбияи  кадрҳо, номгӯи нотамоми сифатҳои ин марди наҷиб мебошанд, ки ӯро дар дилу хотири наздикон, дӯстону  ҳамкорон дар саросари Ватан ва берун аз он, абадӣ ҷой додаанд. Ҷойи  ӯ дар пойгоҳи шахсиятҳои содиқу вафодори Ватан холиву  ёдаш дар дилҳост…

Ёдашон ба хайр ва манзили охираташонро Худованд  обод бигардонад…

 

Аҳмадҷон Ализода,

 раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.