Ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ

Printer-friendly versionSend by email

«Ҳамфикрии худро бо ҳадафҳо ва вазифаҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баён кардан нияти нек мебошад, вале  танҳо ҳамфикр будан кам аст. Иштирокчии  асил  ва содиқи ин ҳаракат касе буда метавонад, ки пеш аз ҳама мавқеи аниқ ва устувор дорад».

Эмомалӣ Раҳмон,

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон.

Ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ

Ҷавонони Тоҷикистони муосир, хусусан онҳое, ки зодагони даврони соҳибистиқлолии Ватан ҳастанд, аз зумраи хушбахттарин инсонҳо ба шумор мераванд. Воқеан, баъди ҳазорсолаҳои таърихи пурфоҷеаи миллат, дар қатори мардуми соҳибиқболи мамлакат, ин табақаи ҷомеа дар шароити сулҳу оромӣ ва рушду нумӯи Тоҷикистон умр ба сармебаранду, дар мактабҳои олии Ҷумҳурӣ ва хориҷа таҳсили илм намуда, соҳиби касбу ҳунар мегарданд. Имрӯз зиёда аз 30 ҳазор ҷавонони Тоҷикистон, аз ҷумла  2494  ҷавонони вилояти Хатлон,  дар давлатҳои мухталифи олам  илму касбу ҳунар омӯхта истодаанд.   Заҳмату талошҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки  ба ин рӯзи нек расидем. Дар идомаи сиёсати таълиму тарбия ва дастгирии ҷавонон, Президенти Тоҷикистон дар Паёми навбатии худашон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд ва таъкид карданд, ки: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд». Аз ҳамин лиҳоз ҳар як ҷавони бонангу номӯс бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат

саъю талоши худро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, рушди илму техника ва бунёдкорӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан равона созад, таърихи ба истиқлолият расидани давлати Тоҷикистон ва ба сулҳу ваҳдат омадани миллатро, бо ҳама бурду бохтҳояш, биомӯзад.

Насли калонсолтари ҷумҳурӣ ва вилоят  ёд доранд, ки дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 Роҳбари ҷавони давлати тозабунёди Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суханони паёмбаронаашон ба миллат ва оламиён дарак доданд, ки: «ҷомеаро ба  сулҳу ваҳдат меоварад ва дар ин роҳ агар  лозим шавад ҷони худро дареғ намедорад»… Баъди он, ки душманони дохиливу хориҷии  мо дар Тоҷикистон оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро барафрухтанд, ин таъбири хирадмандонаи Пешвои миллат ба ояндаи нек ва сулҳу салоҳ дар ҷомеа асос гузошт. Аз рӯзҳои  аввали  Сардори давлат интихоб шуданашон парешонии  ҷомеаи Тоҷикистон  ва дилҳои  пур аз кинаву хусумати одамони минтақаҳои  гуногуни онро  беҳтар аз дигарон,  равшантар, дақиқтар эҳсос менамуданд ва  суханони  худододи  дар он лаҳза гуфтаашон,  ҳамватананони ба гирдоби фоҷиа  гирифторро хоҳу нохоҳ ба андеша, ба андешаи  рӯй  овардан ба ваҳдат ва даст  кашидан аз худкушӣ водор сохтанд.

Ояндаи неки давлату миллатро дар сулҳу салоҳ мебинанд  ва  пайваста ба дигарон талқин  менамоянд. Асоси ин  ниятҳои нек  ва ватанпарастонаро, ки  ҳамдиёрону  дӯстонро  ва ҳатто рақибони таърихии моро дар тааҷҷуб овардааст, ғояи  «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил медиҳад. Таърихи башар гувоҳ аст, ки чунин ғояҳо  дар садсолаҳо ва ҳатто ҳазорсолаҳо як бор тавлид ва амалӣ мешаванд  ва асосгузору амаликунандаи  онҳо фардҳои  аз ҷиҳати  маънавӣ ва зеҳнӣ пурқувват мебошанд. Воқеъан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои  чунин хислати накӯ ва фараҳанги олӣ мебошанд. Ҳамин ғояи ваҳдати миллӣ  ва эҳёи Ватан ҳаст, ки ҳамчун мавҷҳои  тӯфон амалҳои  фардҳо  ва  гурӯҳҳоеро, ки  ба рушду нумӯи Тоҷикистон  зиён меоранд, ба нестӣ бурда истодааст.

Дар солҳои фоҷиабори 1992-1993 Сардори Давлати тозабунёди Тоҷикистон бо амалҳои  ҷавонмардона ва  шуҷоатмандонаи худ дар дили шаҳрвандон, тоҷикистониён шӯълаи  умедро  ба фардои нек меафрӯхтанд. Бо қаҳрамонии ба худ хос, тавассути чархболи муддатҳои дароз истифодашуда ба Хустдеҳи Афғонистон парвоз карданашон, вохӯриву суҳбатҳои самимонаву ватанпарастона ва самароварашон бо мухолифини давр, сазовори эҳтирому эътиқоди лашкаркаши маъруфи тоҷиктабори Афғонистон марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд гардиданашон яке аз лаҳзаҳои зиндагиномаи пуршарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад.

Сабурӣ, ботамкинӣ ва фарҳанги ӯ ба баҳамоӣ ва  якдигарбахшии халқи тоҷик мусоидат намуд, чунки  худашон  аввалин шуда ба  бахшиш ва авф рӯй оварданд. Дар лаҳзаҳои  барои Ватан ҳассос ва тақдирсоз  дар  назди ягон ақидае  ё фарде ва ё ташкилоте, чӣ дар дохили  давлат ва чӣ дар  хориҷи  он сар нафароварда, бо нияти неки худ содиқ монда, Роҳбару  Пешвои воқеъии халқи тоҷик буданашонро исбот намуданд. Ҳамин хислатҳои неки Пешвои миллат буданд, ки тухми меҳру муҳаббати коридаашон дар дили фарзандони ба гурӯҳҳо ва ҳизбҳои гуногуну маҳаллаву қабилаҳо ҷудогашта, самари нек ба бор овард ва 27 июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯзро ҳамасола тоҷику тоҷикистониён дар Тоҷикистон ва хориҷи он ҳамчун рӯзи Иди Ваҳдати миллӣ ботантана таҷлил менамоянд. Баъди ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, бо дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон созмон дода шуд.

         Ҳадафҳои асосии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  таъмини пойдории сулҳи устувор, ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоияти  шаҳрвандӣ тибқи Оинномаи он мебошад. Ин ҳаракати  ҷамъиятӣ, бо ниятҳои неки  сулҳҷӯёнаи  роҳбари давлат аз иҷлосияи таърихии дар шаҳри Хуҷанд шуда гузаштаи Шӯрои  Олии Тоҷикистон оғоз ёфта, ба таври  расмӣ, аввал 16 июли соли 1997 дар вилояти Хатлон ва 18 июли ҳамон сол дар анҷумани  Муссисон таъсис ёфта,  20 августи соли 1997 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.  Раиси  Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон,  бо таклифи вакилони вилояти Хатлон,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб  шуданд. 

      Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба фарҳанги ҷомеа ва  пеш аз ҳама ба  ҷавонони бофарҳанг ва бо касбу  ҳунар умеду эътимоди бештар дорад. Воқеъан,  ҷавонон асоси имрӯзаи ҷомеа ва фардои  неки он мебошанд. Аз  оне, ки ҷавонон чӣ гуна тарбия меёбанд ва соҳиби фарҳанг мегарданд, ояндаи Ватанро  пешгӯӣ  кардан мумкин аст.

           Ваҳдат дар ҷомеаи бефарҳанг ба даст намеояд ва бе Ваҳдат эҳёи Ватан низ зери шубҳа мемонад. Пас Ваҳдат чист?  Қабл аз ҳама Ваҳдат ин  дарк намудани як нукта, яъне  аз манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ ё ҳизбӣ болотар  ва  авлотар донистани манфиатҳои миллату Ватан мебошад.

Пас киҳо қодиранд, ки ин маъноро аз дигарон тезтар  бифаҳманд ва бо ҷону  дил қабул намоянд? Ҷавоб яктост: онҳое, ки қалби поку  равон, беолоиш аз молу ҷоҳи(мансаб) дунё ва  ҳасад доранд ва пеш аз ҳама инҳо  ҷавонон мебошанд.

        Эҳтимол фарде  ёфт нашавад, ки  ифодаҳои  «футувват», «футувватмандӣ» ва ё футувватнома»-ро надонад ва ё нашунида бошад. Аслан «футувват» маънии ҷавонӣ ё ҷавонмардиро дорад.

Бо номи «Футувват» аҷдодони гузаштаи мо аз давраи  пеш аз исломӣ то авали асри ХХ як ҷараёни иҷтимоиву сиёсӣ  ва ахлоқию фалсафӣ доштанд.  Ин ҷараён ё ҳаракатро ғолибан ҷавонмардони додвар, парҳезгор ва далер ташкил мекарданд. Шиори ахлоқии онҳо:  гуфтори  нек, пиндори нек, рафтори нек ва шиори сиёсиву иҷтимоиашон : озодиву ободии Ватан буд.

         Моҳияти таълимоти ахлоқии футувват аз бародарӣ ва баробарӣ дар ҷомеа, хайрхоҳӣ, мадади ҳамдигар, бурдборӣ, дастгирии раҳмондагону ятимон иборат аст.  Таълимоти сиёсиву иҷтимоии ин ҳаракат  бошад аз мубориза барои истиқлолият ва озодии Ватан аз аҷнабиён ва ободии диёр иборат буд. Фарзандони беҳтарини халқ сарварони ҷунбишҳои халқӣ Абумуслими Хуросонӣ,  Муқаннаъ, Яъқуб Ибни  Лайс, Сунбоди габр, Маҳмуди Торобӣ ва дигарон ҳама футувватдорони ҷавонмард буданд. Шоирону  хирадмандон ба монанди Шайх Аттор, Носирӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Низомӣ, Восифӣ, Аҳмади Дониш ва устод Айнӣ оиди ин ҷараёни асарҳо, «Футувватнома»-ҳо иншо намудаанд.

         Ҳама дунё дар орзуи  ҷавонист! Аз ин рӯ ҳар як  ҷавон бояд ба қадри  ин неъмати худовандӣ-яъне  ҷавонӣ бирасад. Ба қадри  ҷавонӣ расидан пеш аз ҳама  нигоҳ  доштани  обрӯи худ мебошад  чуноне, ки  шоир фармудааст:

Обест обрӯй, ки наояд ба ҷӯй боз,

Аз ташнагӣ бимиру нарез обрӯи хеш.

Баъзан аз софии дили ҷавонон, ки аз ҳирсу  ҳасаду бадбинӣ холист, истифода карда, онҳоро ба роҳи бад  ва ҳатто қабеҳтарин гуноҳ  хиёнат ба Ватан тела медиҳанд.  Вале дар ҳама ҳолат ҷавонмард бояд  фаромӯш накунад, ки  бахти  инсон ва маҳбубияти ӯ дар  дунё танҳо бо Ватан-Модар амалӣ мешавад, чуноне, ки  дар суруди миллии мо  садо медиҳад:     Тоҷикистон!

Зи ту саодати абад насиби мост,

Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.

          Ба қадри ҷавонӣ расидан- ин аз сахтии рӯзгор наҳаросида соҳиби илму дониш ва касбу  ҳунар шудан аст, то ки худро ва дигаронро бишносӣ, то, ки дар ҳаққи ту бигӯянд: «Ӯ ҷавонмарди хубу бомурувват аст» ва ё баҳтараш «ӯ ҷавонмардест, ки мо бо фазилаташ ифтихор дорем». Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ беҳуда нафармудаанд, ки:

Гила  аз сахтии айём бигзор,

Ки сахтӣ нокашида камёр аст.

Намебинӣ, ки оби ҷӯйборон,

Агар бар санг ғалтад хушгувор аст.

Бузургон инчунин фармудаанд, ки ҷавонмард бояд ҷони бедор дошта бошад ва дарси хештаншиносӣ ва ватанпарастиро донад:

Ба он мӯъмин худо коре надорад,

Кӣ  дар тан ҷони бедоре надорад.

Аз он,  аз мактаби ёрон гурезам,

Ҷавоне худнигаҳдоре надорад.

           Ободии Ватани азиз аз касбу ҳунари ҷавонон ва ҷони бедору фитрати онҳо вобастааст, ягон бегонае аз диёри  бегонагон Ватани  моро обод нахоҳанд кард, бинобар ин :

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,

Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.

Оташ аз нолаи мурғони ҳарам гиру бисӯз,

Ошёне, ки ниҳодӣ ба ниҳоли дигарон.

Месазад, ки дар ин ҷода ҷавонони мо барои худ пеш аз ҳама аз дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақи дастуру ҳикмат бигиранд.  Дар ёд дошта бошанд, ки Пешвои миллат бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон Тоҷикистонро имрӯз ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон,ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ табдил доданд.  Аз оғози  эҳёи  Тоҷикистони навин, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон манбаи  илҳоми  ҷомеа ва қутбнамо,  асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун  Пешвои асри 21 ва яке аз 500 мусулмони беҳтарини дунё  пазируфта шудаанд.

Аҳмадҷон Ализода,

 раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.