Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ифодакунандаи ирода ва мақсаду мароми мардум

Printer-friendly versionSend by email

DSC_7028.jpgАНДЕША. Қаблан ҳамаи хонандагони сомонаи ҳизбиро ба 23-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизбии Халқии Демократии Тоҷикистон муборакбод мегӯям.

Мо мардуми заковатманд ва ватандӯсту ватанхоҳи Тоҷикистон шукрона аз он мекунем, ки чунин ватани маҳбуб, соҳибистиқлол ва биҳиштосо дорем, ки номаш Тоҷикистон аст. Ватане, ки чун модар дӯсташ медорему барояш эхтиром қоилем. Ватане, ки ҳар хасу хори он барои мо муқаддас аст. Тоҷикистони бузург имрӯз дарахти пурсамареро мемонад, ки шохаҳои пурқуввату бузургаш сояафкани ҳар гулу гиёҳи арзандаи ӯст. Имрӯз марду зани ин сарзамин дар талоши омӯзиши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолиятанд. Хушбахтона, бо заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо Тоҷикистони маҳбуби мо пеш рафта истодааст. Бо ташаббус ва ҷаҳду талоши Роҳбари давлат нерӯи тозаи созанда зери ғояи нави давлатдорӣ дар фазои сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таъсис дод.  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон замоне ташкил ёфт, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушкилоти гуногуни иҷтимоиву сиёсӣ побанд буданд. Хизмати ватандӯстона ва воқеъбинонаи аъзои ҳизб, махсусан сарвари он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз мушкилотҳои иҷтимоиву сиёсӣ гардонида, тамоми нерӯи онҳоро баҳри ободиву гулгулшукӯфоии ватан сафарбар намоянд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳизби мо тавонист, ки дар ҳама соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда гузорад. Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон таъкид намудаанд, ки «Ман дар назди халқ барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулияти бузургро эҳсос мекунам ва аз ҳар як узви ҳизб эҳсоси чунин масъулиятро талаб менамоям». Маҳз ҳамин сиёсати созанда буд, ки имрӯз моро ба асли худ пайваст ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешсаф шинохта шуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолият менамояд. Ташкилотҳои ҳизбии мо дар ҷараёни ҳаллу фасли мушкилоти мардум мебошанд. Одамон бо эътимоду боварӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои рӯзмара ба қабулгоҳҳои ҷамъиятии ҳизб муроҷиат мекунанд. Ягон таклифу дархост ва арзу пешниҳоди онҳо бенатиҷа намемонад. Бинобар ин ҳизби моро на ҳизби ҳоким ё ҳукумрон, балки ҳизби мардумӣ ва хизматгори халқ гуфтан хубтару беҳтар аст. Зеро, ки мо мудом бо халқ ва дар хизмати халқ ҳастем. Дар ҳақиқат имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи муқтадири сиёсии кишвар буда, мардум бо умедҳои калон ба ин ҳизб назар мекунанд. Масъулияте, ки имрӯз ҳизб дар назди ҷомеа дорад, ҳар кадом аъзои ҳизбро водор менамояд, ки аз рӯйдодҳои муҳими ҳаёти кишвар воқиф бошанд ва ба он дар вақти зарурӣ баҳои сиёсӣ дода тавонанд.

1_11.jpgҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқи ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда кушишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Чумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд. Дастовардҳои пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда манфиати мардумро сарфи назар аз вазъияти иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таасуби динӣ, зӯроварӣ, экстримизм (ифротгароӣ), тероризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.

 Воқеан ҳам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун ҳизбӣ мардумӣ эътироф гардидааст, ки ин аз мо масъулияти дучандро тақозо менамояд. Ифтихормандона дӯст доштани ватан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан вазифаи ҷонии ҳар яки мост.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ин санаи таърихӣ табрику муборакбод менамоям.

 

Тавакал НАҶИДУЛЛОЕВ - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.