Шумораи навбатии нашрияи «Ҳамрози халқ» аз чоп баромад

Printer-friendly versionSend by email

Шумораи  навбатии нашрияи  ҳизбии «Ҳамрози халқ» аз чоп баромад.

Дар саҳифаи якуми  он аз қарори Маҷлиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон доир ба Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  «Навоварӣ ва ихтироъкорӣ тақозои замон аст» ёдоварӣ шуда, таъкид гардидааст, ки  дар маркази ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, бо истифода аз толору  кабинетҳои фаннии муассисаҳои  таълимӣ ва биноҳои марказҳои  тиҷоратӣ «Маркази техникҳои ҷавон» ва  «Хонаи навоварӣ ва ихтироъкорӣ» ташкил карда шаванд.

Дар баробари маълумот оид ба  ҷамъбасти семоҳаи аввали соли равон ва даъвати  наваскарон бо сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин мақолаву матлабҳои зиёди хонданӣ ба табъ расонда шудааст. Аз ҷумла баҳри сазовор истиқбол намудани иди 20- солагии  Ваҳдати миллӣ, дар ин шумора мақолаи таҳлилии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода таҳти унвони «Нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ» ҷой дода шудааст.

Вобаста ба Соли ҷавонон эълон карда шудани соли 2017, дар ин шумора рамзи  Соли ҷавонон ва чанд мақолаи  хонданӣ чоп карда шудааст, ки баъди дастрас намудани нашрияи ҳизбии «Ҳамрози халқ» метавонед бо тамоми матлабҳо ба пуррагӣ шинос шавед. 

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.