Чорабинӣ хотирмон буд

Printer-friendly versionSend by email

Дар ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳияи Восеъ, ба ифтихори ҷашни 20-умин солгарди  Ваҳдати миллӣ ва 70-солагии устоди варзиши ҷумҳурӣ Саидмаҳмуд  Маҳмадрасулов,  мусобиқаи варзишии оид ба  гӯштин байни ҷавонон баргузор гардид.  Сарпарастони мусобиқаи мазкур аъзои фаъоли ҲХДТ, соҳибкорони муваффақ  аз ҷамоатҳои  деҳоти ноҳия буда, дар он  паҳлавонон аз тамоми шаҳру навоҳии гӯшаву канори ҷумҳурӣ ширкат доштанд.

Дар бахши ифтитоҳи мусобиқа масъулини чорабинӣ  аз зиндагиномаи соҳибҷашн, устоди варзиш дар риштаи гӯштини миллӣ Саймаҳмуд  Маҳмадрасулов  ёдоварӣ намуда, дар назди ҳозирин суханронӣ  намуданд.

Ҷамъомадагони мусобиқаи варзишӣ бори дигар соҳибҷашн С. Маҳмадрасуловро ба ҳозирин шинос намуда, мусобиқаи варзишии гӯштинро оғоз карданд. инчунин дар ин мусобиқа ғолибон аз тарафи  доварон муайян гардидаву паҳлавонони варзида Саймухтор, Фирдавс, Дадохон ,Раҳматулло соҳиби ҷойҳои намоён шуданд ва бо туҳфаҳои таъсисдодаи  ҳайати тадорукот  сарфароз гардонида шуданд.    

Гӯштингирии  духтари синни даҳсола Мадинаи Рустам ба тамошобинон  бисёр хуш  омада,   ӯ бо чанд писараки  ҳарифи худ  дастболо шудаву соҳиби мукофотҳо  гардид.

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.