Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Соли ҷавонон

Printer-friendly versionSend by email

Тибқи  накшаи  чорабиниҳои  Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав ҷиҳати  баланд  бардоштани  ҳисси  ватандӯстӣ,    ҷалби  ҷавонон  дар  иштироки  ҳаёти  сиёсиву  иҷтимоии   Тоҷикистони  азиз   ва бахшида  ба     “Соли  ҷавонон” эълон  шудани  соли 2017, бо   ибтикори    Бахши   намояндагии ТҶҶ “Созандагони  Ватан”,  дар  маркази ноҳияи Носири Хусрав мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футбол, волейбол байни  ҷавонони муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд. Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба  футбол дастаи “Баҳор”  аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №10 сазовори ҷой якум ва ҷой дуюм насиби  ҷавонони мактаби таҳсилоти миёнаи №11 гардида,  инчунин дар мусобиқаи варзишии  волейбол бошад, ҷавонони МТМУ №9 сазовори ҷойи якум  гаштанд.    Дар  баргузории   чорабинии   мазкур  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  С.Алиева  иштирок ва  баромад  намуда, Бахши  намояндагии ТҶҶ “Созандагони  Ватан” -ро   ҷиҳати  дар  амал  татбиқ  намудани  ҳидоятҳо  ва  дастуру  супоришҳои  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, ки аз  Паёми  навбатӣ  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бармеоянд  мавриди  амал  қарор  дода,     изҳори   миннатдорӣ баён намудаву   қайд  кард, ки  имрӯзҳо  мо  тамоми  ҷидду ҷаҳдамонро  ба  он  равона  кардаем, ки ба  ҷавонон  ҳисси  ифтихор аз  соҳибдавлатӣ, истиқлолияти  миллӣ, муҳаббат  ба  Ватан ва  эҳтиром  ба  арзишҳои  миллиро тарбия  намоем. Дар фарҷоми чорабинии мазкур аз тарафи  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  ба ғолибони мусобиқаҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. 

noiu3.JPGnoiu2.JPG

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.