ТЭТ ҲНИТ – намояндагии ДИИШ дар Аврупо

Printer-friendly versionSend by email

1511506268_23674762_134791080573479_4733166100918199349_o.jpgАНДЕША. Дар сомонаи иттиолотии АМИТ «Ховар» мусоҳибаи А.Сангзода-ро бо Собиршо Ҳасанов, сокини ноҳияи Дарвоз мутолиа намуда, воқеаву ҳодисаҳои аз сар гузаронидаи ин ҷавони ҳаммиллати хешро пеши назар оварда, дар вуҷуди ман ҳамчун фарзанди ин хоку замин ҳисси ватандорию худшиносӣ бештар гардид. Зеро яке аз масъалаҳои миҳим дар шароити имрӯза мубориза бар зидди ҳаракатҳои террористию ифротгаро мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки фаъолияти ҲНИТ аз хурофот, нотавонбинӣ, бегонапарастӣ таркиб ёфта он танҳо бар зарари мардуми мо буд. Яке аз сабабҳои асосии ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 низ фаъолияти душманонаи ҳамин ҳизби мамнуъ мебошад, ки ба сари мардуми мо уқубату бадбахтиҳои зиёдеро овард. Мардуми тоҷик он рузҳоро ҳеҷ гоҳ фаромуш накардааст ва боварии комил дорам, ки сабақи талх низ гирифтаасту дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи найрангбозиҳои онҳо нахоҳад гашт. Ҳатто Сохтори минтақавии зиддитерористии Созмони Ҳамкориҳои Шанхаӣ тасдиқ кард, ки ҲНИТ созмони ифротиву террористӣ мебошад.

Воқеан, ТЭТ ҲНИТ бо фиристодани ҷавонон ба сафи давлати бо ном исломии Ироқу Шом (ДИИШ) собит сохт, ки аз Аврупо истода ин ниҳоди террористиро намояндагӣ мекунад ва ин давлатҳое, ки замоне аз ДИИШ ҳам дифоъ мекарданд, натиҷаи бади пуштибониҳои худро аз ин гурӯҳи тундгаро эҳсос хоҳанд кард.

Чуноне, ки аз мусоҳибаи мазкур бармеояд, душманону хоинони Ватану миллат бо ҳар роҳу восита мехоҳанд нақшаҳои бадхоҳонаи худро амалӣ намоянд. Дар ин росто онҳо бисёртар аз ҷавонон истифода мебаранд. Ин вобаста ба он аст, ки ҷавонон ҳассостарин табақаи аҳолӣ ба шумор мераванд ва аз зеҳну мавқеи дар ҷомеа доштаи онҳо қувваҳои сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз роҳҳои гуногун истифода мебаранд. Яке аз роҳҳои асосие ки имрӯз ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва экстримистӣ пайваст мешаванд, бемаврид ва нодуруст истифода намудани шабакаи ҷаҳонии интернет маҳсуб ёбад, роҳи дигар ин муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, ки аксари ҷавононро гирифтори доми ин гуруҳҳои ифротгаро мегардонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари суханрониҳои хеш, хоса ҳангоми мулоқот бо ҷавонон ҳамеша таъкид месозанд ки “Ҷавонон бояд созанда бошанд!”. Ин муроҷиатест ба ҳамаи он ҷавононе, ки ҳифзи Модар-Ватан барояшон муқаддас аст, ҳисси баланди миллӣ доранд, худогоҳ ҳастанду муқаддасоти Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамоянд. Ин суханҳо ҳамзамон даъватианд ба насли калонсол, ки масъулияти тарбияи насли худогоҳу ватандустро ба ӯҳда доранд.

Аз ин рӯ иродаи мустаҳкам, ҳушёрии сиёсӣ ва хираду заковат аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки роҳи душманию бесомониро пешгирӣ мекунанд. Ҷавонон-ояндаи давлату миллат бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳаёти худро дар хатар нагузоранд.

Ба андешаи ман баҳри сулҳу субот, рушди ҷомеа, пойдории давлат, якдилии ҳамаи қишрҳои ҷомеа, дасту дили тоза доштан шарти муҳимтарин мебошанд.

Бо дарки ин маънӣ ба кулли сокинони Ватани азизам муроҷиат намуда гуфтаниам, ки бо шукргузори аз ҳамин гуна дустию бародарӣ, сулҳу суботи комил баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо ҳисси масъулияти бузурги ватандорӣ дар ҳама маврид омода ва пешсафу ташаббускор бошем.

Ваҳобуддин АБДУЛЛОЕВ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоотва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён.

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.