ТАРАНУМИ ВАҲДАТ ДАР КӮЛОБ

Printer-friendly versionSend by email

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва Бахши намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба 20 – солагии Ваҳдати миллӣ ва бахшида ба Соли ҷавонон дар толори Қасри фарҳангии шаҳри Кӯлоб, бо иштироки аъзои Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардид.

Пеш аз оғози чорабинӣ дар назди даромадгоҳи Қасри фарҳанг китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маърази тамошо гузошта шуд, ки ҳамагон аз онҳо дидан  намуданд.

Зимни маҷлис узви Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Саймурод Исмоилзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб Саъбагул Валиева, ховаршинос Зафар Мирзоён, шоираи ваҳдатсаро Хосият Вализода, директори муҷтамаи осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб Ҳотам Раҷабӣ Асозода ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва баромад  намуданд.

Дар ҳамин радиф бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи сироятӣ» ва «Сино №2» бо иштироки васеи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб Саъбагул Валиева баромад намуда, қайд дошт, ки аз баракати сулҳу суботи устувор ва ваҳдати комили миллӣ имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз харобиҳои он даврони ноором осоре боқӣ намондааст ва дар натиҷаи заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстонаи мардум ва вусъат ёфтани созандагиву бунёдкорӣ Тоҷикистон сол то сол ободу зеботар гардида ва дар баробари таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ, рушди соҳаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва созандагиву бунёдкорӣ тадриҷан вусъат  ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум низ сол ба сол беҳтар мегардад.

Дар охир ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ аз тарафи аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроя ботантана супорида  шуд.

sd4.JPGsd5.JPG

sd3.JPGsd2.JPG

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.