Тантанаҳои наврӯзӣ дар ноҳияи Ёвон

Printer-friendly versionSend by email

Инак, ба сарзамини куҳанбунёди мо боз бузургтарин ва зеботарин ҷашни мардуми ориёинажод-Наврӯзи хуҷастапай бо қадамҳои сабзу насими ҷонбахш ва бо паёми тозаи рӯзу рӯзгори нав омад

Ва имрӯз мову шумо фарорасии  ин рӯзи муборак, яъне Наврӯзи Ваҳдати  миллиамонро дар фазои сулҳу дӯстӣ, оромию осоиштагии ҷовидона истиқбол намудем.

Бояд гуфт, ки  Наврӯз ба худ расму оинҳои гуногун дорад ва аз рӯзгори пешин то ин замон бисёри онҳо ба мо расидаанд.

Бо ин мақсад дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки  аъзои ситодҳои доимамалкунандаи  таблиғотӣ  бо иҷро намудани тамоми суннатҳои неки ҷашни Наврӯз тантанаҳои наврӯзӣ баргузор гардид.

Ҳамзамон, яке аз суннатҳои хоси Наврӯзӣ расонидани кӯмак ба оилаҳои ниёзманди ҷомеа, ятиму бепарастору барҷомондагон мебошад. Бо ҳамин, мақсад дар Иди  Наврӯз аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатманд, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, хонаи пиронсолон ва маъюбон, маркази минтақавии иҷтимоии рӯзонаи «Умед», қисми низомии ноҳия, оилаҳои ниёзманд, шахсони бепарастор, ятимону барҷомондагон, иштирокчиёни ҶБВ ва дигар табақаҳои ниёзманд ба маблағи 68330 сомонӣ, инчунин, аз ҳисоби буҷаи маҳал ба собиқадорони ҷангу  меҳнат, иштирокчиёни садамаи Стансияи атомии Чернобил ва ба ятимону бепарасторон  бошад, 11200 сомонӣ кӯмакҳо расонида шуданд.

         Ҳамзамон, дар арафаи ҷашни мазкур хатнасури хайриявии 104 нафар кӯдакон ва тӯйи домодию арӯсии 7 ҷуфт ҷавонон ба таври дастаҷамъона баргузор карда шуданд.  

         Хулоса тантанаҳои Наврӯзӣ дар тамоми манотиқи ноҳия дар сатҳи баланд ва дар фазои сулҳу салоҳ баргузор гардид.

 

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.