Таблиғот аз суханҳои Пешво амалӣ мегардад

Printer-friendly versionSend by email

Дар ноҳияи Қубодиён бо аҳолии ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол  вохӯрии узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Қубодиён  Файзуллозода Зафар Хайрулло, доир гардид. Дар ин рӯз Файзуллозода Зафар Хайруллоро узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарипова ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадаюб Шарипов  ҳамроҳӣ намуданд. Сараввал  гурӯҳи корӣ аз  шароити зисту зиндагонии  сокинони  ҷамотаи деҳоти болозикр дидан намудаву аз наздик шинос шуданд. Ҳадафи асосии  баргузории вохӯрии мазкур  баррасии  нуктаҳои  асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ва қонунҳои амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, пешгирии никоҳи  хешутаборӣ,  сазовору бо дастовардҳои назаррас  истиқбол намудани  20- солагии  Ваҳдати миллӣ  ва ғайраҳо мебошад.   Бо сухани муқаддимавӣ  узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарипова ҳусни ифтитоҳ бахшида,  суханро ба узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳияи Қубодиён  Файзуллозода Зафар Хайрулло дод.  Файзуллозода Зафар Хайрулло дар баромади хеш атрофи  пешгирии  ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои терористиву  экстремистӣ, роҳҳои пешгирикунии  худкушӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, диққати ҳамаҷониба  додани волидайн ба  таълиму тарбияи фарзанд аз хона то мактаб, одобу рафтори  ҷавонон нисбат ба куҳансолон ва аз ҳар гуна корҳои номатлуб пешгирӣ намудани онҳо таъкид намуданд.

saw2.jpgСипас, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадаюб Шарипов суханронӣ намуда,  аз иқдомҳои неку самимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри  ободию созандагӣ, миллатдӯстиву ватанпарастӣ ва  пешравии давлату сарзамини биҳиштосоямон дар назди ҷамъомадагон  баромад кард.

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.