Сафари ҷавонони вилояти Хатлон ба шаҳрҳои Ҳисор ва Душанбе таҳти унвони «Сайри Ватан»

Printer-friendly versionSend by email

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба ташкили боздиди ҷавонон аз мавзеъҳои таърихиву табиати бойи Ватан таҳти унвони «Сайри Ватан» бахшида  ба «Соли ҷавонон» сафари аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» доир карда шуд. Тибқи нақша сайрхати Қӯрғонтеппа – Ҳисор – Душанбе – Қӯрғонтеппа пешбинӣ шуда, ба он ҷавонони фаъол аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафарбар шуданд.

Сараввал ҷавонон аз ҚалъаиҲисор ва Осорхона, ки таърихи беш аз 2300 сола дорад дидан намуда, инчунин  чойхонаи «Харбуза»-и шаҳри Ҳисор зери таваҷҷӯҳи ҷавонон қарор гирифт.

Сипас, ҷавонон ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Дар  назди Боғи Ирам кормандони масъули Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, инчунин  роҳбарияти ТҶҶ «Созандагони Ватан», ҷавононро бо расму оинҳои миллӣ ва дар рӯҳияи гарми ватандӯстона пешвоз гирифтанд. Пас аз тамошои Боғи Ирам ҷавонон ба боғи Роҳи оҳанчиён ташриф оварда, баҳри ҷавонон дар ин боғ чорабинии фарҳангӣ омода карда шуда  буд.

Инчунин ҷавонон ба  «Осорхонаи миллӣ» ва «Китобхонаи  миллӣ» ташриф оварда, бо таърихи халқи тоҷик ва асарҳои адибони классик ва муосири тоҷик бори дигар шинос шуданд. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, оид ба шинос намудани ҷавонон бо осори бойи халқи тоҷик ва дастовардҳои даврони 25-соли Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи масъулон  шиносоӣ дар сатҳи баланд доир карда шуд. Махсусан, барои  ҷавонон туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба «Осорхонаи миллӣ» хеле диққатҷалбкунанда буд.

Умуман ҷавонони аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз ин сафар ба  худ ғизои маънавӣ гирифта, бо  таъриху фарҳанги халқу давлати худ бештар шоносоӣ пайдо  намуданд.

qed3.JPGqed2.JPG

 

 

 

 

 

qed4.JPGqed5.JPG

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.