Расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Printer-friendly versionSend by email

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа гурӯҳи таблиғотии доимоамалкунандаи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо муҳоҷирони аз қаламрави Россия ихроҷшуда (депортатсия) ва аъзоёни оилаҳои онҳо вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин вохӯрӣ М.А. Ниёзов– муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Н.С.Наботов – сармутахассиси шуъбаи пешгирии ғайриқонунии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, М.А.Хоркашев – раиси Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, С.Қосимзода – узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, Т. Наҷидуллоев – раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, И. Баротов – мудири бахши Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Қӯрғонтеппа иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2017 ҳангоми вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин масъалаи расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзёбӣ намуданд, ки он мавриди амал  қарор  гирифт.

Дар заминаи ин мувофиқаи ҳосилшуда,  тибқи қарори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар муҳлати як моҳ  аз санаи 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расмикунонии  иқомат тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубош имконият дода мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки хизматрасонии мазкур ба шаҳрвандони кишвари мо дар ин муддат дар Федератсияи Россия ба таври ройгон сурат мегирад ва барои расмикунонии будубоши онҳо дар сохторҳои дахлдори ин кишвар бояд маблағ ситонида нашавад.

Тартиби мазкур нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарорҳои судӣ аз қаламрави Федератсияи Россия берун ва депортатсия шудаанд, татбиқ намегардад. Шаҳрвандоне, ки дар асоси дигар моддаҳои қонунҳои Федератсияи Россия воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шудааст (бинобар содир кардани ҷиноят, доштани бемориҳои сироятӣ ва ғайра) ба ин категория дохил намешаванд.

Бояд зикр намуд, оид ба масъалаи мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси  муаззами  ҲХДТ ҳангоми вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Россия 27 феврали  соли ҷорӣ  мувофиқа ҳосил гардида буд ва ин иқдом аз ғамхории навбатии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳдошти шароити будубоши муҳоҷирони мо дар Федератсияи Россия равона шудааст.

Дар охир аз тарафи ташкилкунандагони маҷлис ба саволҳои шаҳрвандон, ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, бори дигар аз ҳозирин хоҳиш намуданд, ки муҳтавои шартномаи номбурдаро ба фарзандон ва аъзоёни оилаи худ, ба ҳамсоягон ва кормандони муассисаву корхонаҳо, ки нияти муҳоҷирати меҳнатиро ба қаламрави Россия доранд, аз ин тағйироту иловаҳо бохабар намоянд.

IMG_6567.JPGIMG_6573.JPG

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.