Пешвои миллат – илҳомбахши рассомони ҷавон

Printer-friendly versionSend by email

1017518349.jpgАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кору пайкори худ, бо суханрониҳо ва кирдори шоистаашон манбаъи илҳоми эҷодкорон гардидаанд. Шоирону нависандагон образи ин шахсияти нодири таърихиро дар шеъру достону асарҳояшон, рӯзноманигорон дар мақолаву очерку лавҳаҳояшон, аҳли ҳунар дар саҳнаҳо ва намоишномаҳо инъикос мекунанд. Рассомон ва ба хусус рассомони ҷавон аз таъкидҳо ва сӯҳбатҳои хосаи Пешвои миллат илҳом мегиранд ва ба даст мӯқалам гирифта, барои офариниши асарҳои худ ҷаҳду талош меварзанд.

Тамоми эҷодкорон ва дар қатори онҳо рассомони ҷавон низ пайваста ғамхорӣ ва дастгирии Пешвои миллатро эҳсос мекунанд. Дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳи намоиши байналхалқии «Рассомон барои сулҳ» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба санъати рассомии Тоҷикистон чунин қайд карда буданд: «Имрӯз дар кишвари мо тамоми навъҳои санъат, аз ҷумла санъати рассомӣ ташаккул ёфта, маҳсули эҷодии рассомони тоҷик ҳоло дар ҷаҳон машҳур мебошад. Онҳо дар даҳҳо намоишҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, фестивалҳо ва озмунҳо иштирок карда, бо маҳорат ва асарҳои офаридаашон шуҳрати хоса пайдо кардаанд».

Борҳо дар суханронияшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон манзараи биҳиштосо аст. Борҳо шоҳиди он гаштаем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони телевизион ва синамо супориш медиҳанд, ки манзараҳои нотакрори кишварамонро ба навор гирифта намоиш диҳанд. Ин гуна таъкидҳои Пешвои миллат ба рассомон ҳам илҳом мебахшад, ки ҳар гӯшаи кишвари азизамонро бо таровату назокаташ ба риштаи тасвир кашем ва ба маърази тамошо гузорем.

Санъати тасвирӣ барои боло бурдани завқи зебоипарастии мардум кӯмаки амалӣ мерасонад. Рассомони ҷавон санъату ҳунари ҳунармандони асили миллатамон Камолиддини Беҳзод, Ҷалил Расулов, Аҳмад Умаров, Сабзалӣ Шарипов, Рауф Муродов, Фаррух Хоҷаев ва дигаронро идома дода, барои офаридани асарҳои ба ғояҳои миллиямон мусоид кӯшиш мекунанд.

Рассомони ҷавон доимо кӯмаку дастгирии Пешвои миллатро ҳис мекунанд. Барои ҳаматарафа рушд ёфтани санъати тасвириву меъморӣ дар Тоҷикистон ва тарбияи рассомону меъморони ҷавон бо ибтикор ва дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн,  Академияи мусаввирон таъсис ёфт. Дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакатамон мактабҳои санъату рассомӣ, литсейҳои рассомӣ амал мекунанд, ки ҳамаи инҳо бешубҳа аз ғамхории Президенти Тоҷикистон дар рушди санъати миллӣ ва фарҳанги миллатамон дарак медиҳад.

Дар Тоҷикистон имрӯзҳо барои намоиш додани асарҳои рассомони ҷавон шароит муҳайё аст. Дар толори Осорхонаи миллӣ ва ҳам Китобхонаи миллӣ ҷойҳои махсус барои намоиши асарҳои рассомони кишварамон мавҷуд аст ва ҳамаи ин як нишонаи ғамхории сарвари давлат ба рассомони ҷавон мебошад.

Дар ҳудуди вилояти Суғд барои намоиш додани асарҳои рассомони ҷавон низ шароит муҳайё аст. Дар осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ сари чанд вақт намоиши асарҳои рассомони вилоят баргузор мегардад.

Озмунҳои рассомӣ бо ибтикори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд гузаронида мешаванд, ки ҳамаи онҳо илҳомбахши кори рассомони ҷавон аст.

Рассомони Тоҷикистон дар замони истиқлол асарҳои худашонро дар бисёр намоишгоҳҳо ва нигористонҳои хориҷӣ ба тамошобинону аҳли ҳунар манзур доштанд. Аз ҷумла, дар намоишгоҳҳои шаҳрҳои Москва, Талдом, Иваново ва дигар шаҳрҳои олам баргузор гаштанд.

Чанде пеш дар доираи чорабиниҳои рӯзҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Суғд намоиши асарҳои рассомони ҷавон баргузор гашт. Аслан, ин чорабинии фарҳангӣ низ бо ибтикори Президенти кишвар сурат гирифта буд ва як манбаъи илҳом ба рассомони ҷавон гардид.

Дар тӯли чанд соли охир дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон қасрҳои фарҳанг, чойхона ва дигар марказҳои фароғатӣ, хонаҳои истиқоматӣ бунёд гардиданд. Дар маросими ифтитоҳи онҳо бевосита худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда, дар суханронияшон ҳатман аз саҳми рассомону меъморон ва сохтумончиён ёдовар мешаванд. Миннатдории худро ба рассомону меъморон, ба ҳайкалтарошон баён медоранд. Ин амали сарвари давлат як нишонаи қадршиносӣ аз аҳли санъату ҳунар аст ва албатта, он суханони самимӣ ба эҷодкорон қувваву нерӯ ва манбаъи илҳом мегардад.

Пешвои миллат тағйироти рӯзафзуни ҷаҳони муосирро ба назар гирифта, қайд кардаанд, ки дар баробари тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ дар назди рассомон вазифаи дигар ҳам меистад, ки он ворид намудан ба инсондӯстӣ аст. «Дар бештари асарҳои рассомони муосир, сарфи назар аз миллату мазҳаб, мавзӯъҳои мазкур аҳамияти бузург касб карда, тақдири имрӯза ва ояндаи инсоният тавассути рангҳо ифода меёбад ва масъалаи сулҳу дӯстии мардумони сайёра дар маркази тасвирҳои нозук қарор мегирад. Ин ҳунармандон дар тасвирҳои ҷолиби хеш инсонро ба некиву накукорӣ, хайру саховат ва нангу номус даъват менамоянд ва мазмуну мундариҷаи асарҳояшонро масъалаҳои муҳими рӯз, аз қабили нафрат ба ҷанг, таҳаммулгароӣ ва тараҳҳум ба инсон, сулҳу субот ва дӯстиву ҳамкорӣ ташкил медиҳанд» - қайд кардаанд Пешвои миллат.

Бино бар суханронии Пешвои миллат санъати тасвирӣ як роҳи таъсиррасонӣ ба ҳисси зебоипарастӣ ва гуманизм ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, дар сафарҳои кории худ, дар таҷлили ҷашнҳои мухталиф ба кори рассомону меъморон аҳамияти хосса зоҳир мекунанд.

Пешвои миллат ҷонибдори он мебошанд, ки бо рангҳо ҳаёти имрӯзи кишварамон, пешравиву тараққӣ ёфтани мамлакати офтобрӯяамон тасвир гарданд ва асарҳои рассомон як воситаи тарбияи зебоипарастии одамон гарданд.

Соли 2017 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон гардид. Ин амр мо рассомони ҷавонро водор мекунад, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро беш аз пеш роҳандозӣ кунем. 

Барои тарғиби ғояҳои миллӣ, андешаҳои созанда, дастовардҳои замони истиқлол, пойдор нигаҳ доштани ваҳдати миллӣ ҳиссаи сазовори худро гузорем.

Мӯқалами мо рассомони ҷавон бояд манзараҳои дилнавози Тоҷикистони азиз, дӯстии мардумони сокини он, якдилию якмаромӣ ва осори бекарони фарҳангии кишварамонро инъикос намояд. Истиқлол, ваҳдати миллӣ, рушди босуботи мамлакатамон бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми азизи кишвар бо мушкилиҳои зиёд ба даст омадааст.

Шукрона мекунем, ки имрӯз фазои мамлакатамон ором аст ва амнияту субот ҳукмфармо мебошад. Ҷумҳуриямон таҳти сарварии пешвои хирадманд Эмомалӣ Раҳмон ба ҷодаи пешравию рушд қадамҳои устувор мегузорад. Дар баробари аҳли ҳунар ва фарҳангу санъат мо рассомони ҷавон низ ба бинои истиқлолияту ваҳдати миллатамон хиштҳои устувор мегузорем. Дар ин амали басо муҳиму масъулиятнок илҳомбахши мо кору кирдор, суханрониҳо ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳомбахши мо мебошад.

 

Нодирабегим АЛИМБАЕВА,  омӯзгори коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Бознашр аз китоби “Ҷавонон пайрави Эмомалӣ Раҳмон”

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.