Омӯзиши мақолаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода «Мусоидат ба пойдории амнияту осудагии Ватан вазифаи муқаддас аст»

Printer-friendly versionSend by email

Мақолаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ааҳмадҷон  Ализода бо номи «Мусоидат ба пойдории амнияту осудагии Ватан вазифаи муқаддас аст», ки таҳти №8, санаи 28.04.2017 дар рӯзномаи «Ҳамрози халқ» ба чоп расида буд, дар байни кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди муҳокима қарор гирифт.

odi2.JPGДар баромад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Т. Наҷидуллоев қайд намуд, ки ҳанӯз соли 1996 дар вохӯрӣ  бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Ватан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки дар ҳар як ҷомеаи демократӣ ҳизбҳои сиёсӣ танҳо аз тариқи муборизаҳои осоштаи парлумонӣ ба ҳадафҳои сиёсии худ бояд муваффақ шаванд. Дар ин амр роҳи дигаре нест. Тариқи зуроварӣ ва фиребу найрангро ҳеҷ гуна давлати ҳуқуқбунёду демократӣ намепазирад. Ин некназарии Пешвои миллат моҳи сентябри соли 2015 баъди амалҳои хиёнаткоронаи сарварони ҳизби террористии аз ҷониби Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикисон манъшудаи ҲНИТ исботи худро ёфт. Бинобар он ба маврид аст, ки боз як таъкиди Ҷаноби Олиро иқтибос биёрем: «Мову шумо бояд як қувваи ягонаро ташкил дода, онҳоеро, ки сулҳу салоҳро дар ҷомеа халалдор карданӣ мешаванд, ҳамдигарфаҳмии байни қувваҳои сиёсиро аз байн бурданӣ мешаванд, ҳушдор диҳем».

Аз он ҷумла падару модаронро ҳушдор созем, ки дар сурати заҳмати бузурге, ки аҷдоди хирадманди мо (Имами Аъзам, Имом Бухорӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигарон) барои рушди Ислом кашидаву оламиёнро ба ҳайрат овардаанд, ба кадом хотир фирефтаи намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ шуда, сади роҳи ба Сурияву Ироқ рафтани хоинони миллат шудани фарзандон, нашуданд.

Зери роҳбарӣ ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат кӯшиш менамоем, ки  пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба миллат ва давлати Тоҷикистон гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту ватанпарвар бошем.

Дар хотима кормандони Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа доири мақолаи зерин андешаҳои худро баён намуданд.

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.