Натиҷаҳо назаррасанд, вале масъулият водор менамояд…

Printer-friendly versionSend by email

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят  дар зарфи  се моҳи соли равон ҷамъбаст  ва натиҷагирӣ карда шуд. Дар он раисони шаҳру навоҳии вилоят, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ иштирок намуданд. 

     Дар оғоз узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ аз бурду бохти соҳаҳои  гуногуни хоҷагии халқи вилоят  дар се моҳи аввали  соли равон маърӯза намуда, аз ҳамагон саҳми арзанда гузоштан баҳри  ободонию бунёдкорӣ ва сарсабзу хуррамгардонии шаҳру ноҳия, ҷамоату шаҳрак ва кӯчаву маҳали зист  даъват ба амал овард.

    Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар рафти  суханронӣ  иброз дошт, ки дар ин давра агарчи иҷрои нақшаи андоз  101 фоиз таъмин гардида бошад ҳам, вале мутаассифона чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи ҷамъоварии андозро ба пуррагӣ иҷро карда натавонистанд.

     Сипас,  Раҷабалӣ Раҷабов муовиин раиси вилояти Хатлон  оид ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят дар се моҳи соли равон дар назди ҳозирин ҳисобот дода гуфт, ки дар ин давра нақшаи андоз 101 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 207,9 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 2,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

 Гуфта шуд, ки ҳисоби миёнаи музди меҳнат дар се моҳи аввали соли 2017 дар тамоми соҳаҳо ба 830 сомонӣ расид, ки нисбати ҳамин давраи соли 2016-ум 177 сомонӣ зиёд мебошад.  Инчунин таъкид шуд, ки соҳаи иқтисодиёти вилояти Хатлон солҳои  охир рӯ ба пешравӣ дорад. 

      Дар семоҳаи аввали соли равон гардиши савдо ба 10 ҳазору 55,7 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2016 наздики 10 фоиз афзоиш ёфт. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба беш аз 430 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2016-ум 7,6 фоиз зиёд шудааст.

jam2.JPGjam3.JPG

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.