Мусоидат ба пойдории амнияту осудагии Ватан вазифаи муқаддас аст

Printer-friendly versionSend by email

Дар моҳҳои март ва апрели соли 2017 дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии раисони ҳукумат ва иштироки раисони ҷамоатҳо, раисони ситодҳои доимиамалкунандаи ҳизб,  аъзои Ҷамъияти таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ» ва гуруҳҳои мобилии ин ситодҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният,  инчунин сархатибу имомхатибони масҷидҳо, вохӯрии  корӣ баргузор намудем.  Воқеан меҳвари асосии ҳизби моро Раиси муаззами он Ҷаноби Олӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоати шаҳраку деҳот, дар маҷмӯъ ҳамаи  фаъолони ҳизб ташкил медиҳанд, ки боиси ифтихор аст. Ба чунин ҳолат сазовор будан орзуи ҳар як ҳизби сиёсӣ мебошад, ки бояд бо роҳи осоиштагӣ ва интихоби халқ сурат бигирад. Дар ин бора ҳанӯз соли 1996 дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Ватан  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки дар  ҳар як  ҷомеаи демократӣ ҳизбҳои сиёсӣ танҳо аз тариқи муборизаҳои осоиштаи парлумонӣ ба ҳадафҳои сиёсии худ бояд  муваффақ шаванд. Дар ин амр роҳи дигаре нест. Тариқи зӯроварӣ ва фиребу  найрангро ҳеҷ гуна давлати ҳуқуқбунёду демократӣ намепазирад. Ин некназарии Пешвои миллат моҳи сентябри соли 2015,  баъди  амалҳои хиёнаткоронаи сарварони ҳизби террористии аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон  манъшудаи НИТ, исботи худро ёфт. Бинобар он бамаврид аст, ки боз як таъкиди Ҷаноби Олиро иқтибос биорем: «Мову  шумо бояд як қувваи  ягонаро ташкил дода, онҳоеро, ки сулҳу салоҳро дар ҷомеа халалдор карданӣ мешаванд, ҳамдигарфаҳмии байни қувваҳои сиёсиро аз байн бурданӣ мешаванд, ҳушдор  диҳем».

        Чуноне, ки дар боло зикр ёфт, ситодҳои доимиамалкунадаи ҳизбиро ҳанӯз соли 2012 бо супориши Раиси муаззами ҳизб, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаҳду талошҳои собиқ муовини якуми Раиси ҲХДТ шодравон Сафаров Сафар Ғайюрович дар ҳамаи 154 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят ташкил карда будем. Дар ҳайати ин ситодҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 5000 нафар беҳтарин фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ, аз ҷумла: 770 нафар аъзои Ҷамъияти таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ» ва бештар аз 3500 нафар аъзои гуруҳҳои мобилӣ, ки ҷавонони то сисола аз 1500 деҳаҳои вилоят мебошанд,  шомиланд. Ин як нерӯи пурқувват аст ва фаъолияташ бояд дар самти корҳои таблиғотӣ ва созандагию бунёдкорӣ ҳам самаранок бошад ва ҳам барои мусоидат ба таъмини амнияту осоиштагӣ дар ҳудуди ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳо ҳамаҷониба истифода шавад. Бо назардошти вазъи сиёсии ҷаҳони муосир ва зарурати воқеан амалӣ намудани таъкидҳои доимии Пешвои миллат ҷиҳати аз даст надодани зиракии сиёсӣ, аъзои ситодҳои доимиамлкунандаи ҳизбӣ, хусусан ҷавононе, ки аъзои гуруҳҳои мобилӣ мебошанд, метавонанд бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният ҳамкории судманд дошта бошанд. Ин маъно аз муқаррароти банди 1.4. Оинномаи ҲХДТ бармеояд, ки чунин зикр ёфтааст : «Ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо  ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таасуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм(ифротгароӣ), сепаратизм(ҷудоихоҳӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ

мешуморад ». 

        Дар ин бора, дар қатори дастовардҳо ва нақшаҳои бузурги таъмини ободиву осоиштагии кишвар, Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба тоҷикистониёну ҷаҳониён маълумот додаанд. Агарчӣ Паёми Пешвои миллат  22 декабри соли 2016 ироа  шуда бошад ҳам, аслан  барои фаъолони ҳизби мо амалигардонии ҳадафҳои созандаи он то 22 декабри соли 2017 идома меёбад. Дар ин ҷода дастуру ҳидояти Раиси муаззами ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 05 январи соли равон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб зикр ёфтанд, аз ҷумла: «Ҳадафи аслии ҳизби мо ҷалби мардум ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, таҳкими сулҳу субот ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошад. Дар ин росто, дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ ҳизби мо ва аъзою ҷонибдорони онро лозим аст, ки дар масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва давлатӣ ҳушёру зирак ва дастёри мақомоти дахлдори давлатӣ бошем», барои ҳизбиён сармашқу роҳнамои фаъолият мебошанд.

       Дар қатори чорабиниҳои зиёде, ки ташкилотҳои ҳизбии вилоят тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат амалӣ месозанд, метавонем аксияи ҳизбии «Таблиғот тавассути созандагию бунёдкорӣ»-ро номбар кунем. Инчунин дар раванди баргузории аксияи «Рузҳои ҲХДТ» сафарбар намудани аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ба сохтмон, таъмиру тармими бинову иншоот, роҳу пулҳо,  бунёди боғу токзорҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

        Соли 2017 низ бо қарори Раёсати КИ ҲХДТ дар вилоят бо мақсади амалӣ гардонидани нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бояд 4 аксия ва як озмунро дар масъалаҳои ҷалби шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ, тозаву покиза нигох доштани обу хоку ҳавои маҳали зист, пешгирӣ аз воридот ва фурӯшу истеъмоли дорувории қалбакӣ,  расонидани кӯмаки моддиву маънавӣ ба маъюбони бепарастор ва оилаҳои камбизоат баргузор намоем. Дар ин самт аъзои ситодҳои доимиамалкунандаи ҳизбӣ бояд ташаббускор бошанд ва иҷроиши қарорҳои КИ вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявиро дар ин бора сари вақт ва бо сифати баланд таъмин созанд.  Ҳамин тавр, тибқи аксияи ҳизбии «Навоварию ихтироъкорӣ аз кабинетҳои фаннӣ оғоз мегарданд», то охири сол дар 1300 муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят мебояд муайян намоем, ки чанд кабинетҳои фаннӣ вуҷуд доранду чӣ гуна ҷиҳозонида шудаанд, теъдоди муаллимони соҳибтаҷрибае, ки ба толибилмон таҷрибаҳои фаннӣ мегузаронанд ва мушкилоте, ки дар ин самт мушоҳида мешаванд. Дар ҳамин асос барои беҳбудии фаъолияти кабинетҳои фаннӣ мусодидат намоем, чунки кабинетҳои фаннӣ таҳкурсии устувори ба дараҷаи навовару ихтироъкор расидани толибилм мебошад.

          Чуноне, ки дар боло зикр ёфт, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб  дар маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ рӯзи 05 январи соли равон, ҷиҳати  таъмини амнияти миллию давлатӣ ҳушёру зирак ва дастёри мақомоти дахлдори давлатӣ будани аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро таъкид карданд. Аз ҷумла саҳми аъзои ситодҳои доимиамалкунандаи ҳизбӣ, ки аксарияти онҳоро аҳли маорифу тандурустӣ, инчунин ходимони дин ташкил медиҳанд, дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳу равияҳои ифротӣ бояд назаррас бошад.

         Имрӯз метавонем бо боварӣ изҳор кунем, ки беҳтарин аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, аз ҷумла ҷавононе,  ки ба узвияти ситодҳои доимиамалкунандаи ҳизбӣ, Ҷамъияти таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ» ва гуруҳҳои мобилии онҳо пазируфта шудаанд, бояд ҷиҳати мусодидат ба таъмини амнияту осоиштагии шаҳрвандон намунаи ибрат бошанд. Масалан узви гуруҳи мобилӣ бояд дар бораи вазъи ҳудуди деҳа ё маҳалла маълумот дошта бошад.  Вай вазифадор аст, ки дар бораи одамони ношиносу шубҳаноке, ки дар деҳа ё маҳалла пайдо шудаанд, ба роҳбарияти ситод ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ хабари фаврӣ расонад. Ҳамзамон намояндагони мақомоти амният ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ метавонанд тавассути гуруҳҳои мобилии ҳизбии деҳаву маҳаллаҳо дар бораи масъалаҳои дигари амниятӣ маълумот бигиранд.

      Миллати тамаддунофари тоҷик ҳамеша ба аҳли илму адаб ва ходимони дин таваҷҷуҳу эҳтироми хосса дорад. Хиради азалии ин миллат, ҳанӯз 1300 сол пеш аз дини Ислом, оламиёнро ҳӯшдор дода буд, ки ба буту санамҳо, ҳайвонот, офтобу моҳтобу ситораҳо не, балки ба Худои яккаву ягона, ки замину осмонҳо ва ҳамаи мавҷудоту махлуқоти онҳоро офаридааст, саҷдаву ибодат кунанд. Ин муқаррарот ва дастурҳои дини аҷдодони гузаштаи моро  баъдтар  дини мубини Ислом такмил додаву қабул кардааст. Мардуми мо имрӯз ҳам ба ходимони дин, ки онҳоро аксаран бо ибораи «мулло» ном мебаранд, эҳтироми зиёде зоҳир менамоянд. Онҳо бо умеди калон бовар доранд, ки азбаски решаи калимаи «мулло» аз калимаи «ИЛМ» иборат асту маънои луғавиаш «донандаи кулли илмҳо» мебошад, муллоҳо дар қатори 6 илми илоҳӣ: калом (худошиносӣ ё теология), маонӣ (баён), сарфу наҳв (морфология ва синтаксис), фиқҳ ва усул (қонунҳои дин ва шариати ислом), ладунӣ (илми ғайб ё худодод),, инчунин зиёда аз 45 намуди илми маҷозӣ ё дунявӣ ҳам бархӯрдоранд.  

        Воқеан хеле шавқовар аст, ки имрӯз муллои деҳа аз илмҳои мусалласот (тригонометрия), муҳосабот (бухгалтерия), наботот (ботаника), нуҷум (ситорашиносӣ ё астрология), расад (тақвимсозӣ-календарсозӣ), ҷарри асқол (механика), табақотуларз (геология), табиӣ (физика), таҳдидулбилод (топография), тиб (медитсина-мадади Сино), ҳайат (астрономия, космография), ҳайвонот (зоология), ҳандаса (геометрия), ҷабру муқобила (алгебра), ҳикмат (фалсафа ва физика), адаб (филология), барин (метафизика), баҳс (диалектика), буна (физиология), истифо (ҳисобдорӣ), кимиё (химия), манозир ва мароё (оптика), шуъо, маодин (минералогия), масоҳат (геодезия), милоҳат (дарёнавардӣ, киштиронӣ),  адвор (мусиқӣ), арӯз (қоидаи эҷоди шеър), ахлоқ, зунун (идрок ва фаҳмиш), лисон (забоншиносӣ), луғғат (луғатшиносӣ), мантиқ (логика), маҷлис (қоидаҳои муошират), мунозира, рамл (фолбинӣ), таъбир (хоббинӣ), фаросат ё қиёфа (қиёфашиносӣ), қол (илми зоҳир), тир, яд (хиромантия-аз хати кафи даст муайян кардани тақдир) ва яқин бо мардум, хусусан ҷавонон суҳбатҳо биорояд.

       Вале  дар шароиту вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, хеле зарур аст, ки ходимони дин-имомхатибони масҷидҳо пеш аз ҳама ҷиҳати омода кардани ҷавонон ба ҳифзи марзу буми Ватан ва пояҳои соҳибистиқлолии он ва ба омӯзиши илму аз худ кардани касбу ҳунар, аз нигоҳи ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ рафтор кунанд.

         Барои ин, ходимони дин, аз ҷумла сархатибу имомхатибони шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки сатҳи худшиносии миллии худро пайваста баланду пурқувват намоянд.  Умед ва боварӣ ҳаст, ки ходимони дини вилоят ҳамеша дар ёд доранд, ки аҷдодони хирадманди тоҷик Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ, Мавлонои Балхӣ, Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо тан аз шумори аҳли адаби порсӣ ба монанди Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Форобӣ, Хайёму Берунӣ, Насириддини Тӯсиву Закариёи Розӣ барои рушду нумӯи дини Ислом хидмати беназире кардаанд. Дар ин бора дар китоби арзишманди «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст:  «Бузургии миллати тоҷик дар он аст, ки таҳти васояти кадом империя ва  халқияти зӯровар қарор надошта бошад, волоияти забону фарҳанги худро аз даст надода, дами теғи ҳама гуна таассуби динию мазҳабиро бо фарҳанги оламгири хеш кунд намудааст. Агар пеши роҳи ғояҳои ҷангпарварона ва ғазовоти исломро маҳз мазҳаби илҳомбахши Имоми Аъзам, тафсиру тадбирҳои худоҷӯёна ва ҳикмату фалсафаи тасаввуф намегирифт ва дини Арабро дар либоси фарҳанги Аҷам ҷилва намедод, мавҷи селосои ғозиёни ислом то паҳнои Рус ва моварои Чин мерасид». Мутаасифона, аз сабаби он, ки бузургони хирадманди мо дар замоне умр ба сар мебурданд, ки ҳокимони давр бегонагон буданду миллат давлати соҳибистиқлол надошт,  маҷбуран ба осиёби илму марифати ҷаҳонӣ ва инкишофи таърихи умум об рехта, имконияти ҳифзи манфиатҳои ворисони худ-миллати тоҷикро аз мадди назар дур монда буданд.

       Хушбахтона баъди ҳазорсолаҳо  имрӯз миллат соҳиби давлати соҳибистиқлол аст. Мо бояд аз дарси талхи таърихи гузаштаамон сабақ омӯхта, барои пойдории ин неъмати бузурги Худованд, яъне Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллии он тамоми ғайрату нерӯ ва донишу хиради худро истифода барем ва дар ин ҷода бонангу номӯс буданамонро зоҳир намоем.

         Аз рӯи адолат ва ба эҳтироми бузург нисбати шахсияти Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ё Имоми Аъзам, ки асогугузори фиқҳи ислом ва мазҳаби ҳанафӣ мебошад, бояд зикр кунем, ки бо шарофати фатвои ҳамин аҷдоди кабири миллати тоҷик, мо дирӯз ва имрӯз имкон ёфтем, ки китоби осмонии Қуръони маҷидро ба забони модариамон бихонем. Аз рӯи ҳамин эҳтиром аст, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизамон тарҷума ва тафсири Қуръон бо хати кириллӣ омода ва ба шаҳрвандони ройгон дастрас гардонида шуд. Инчунин оиди ин мавзӯъ дар китоби Ҷаноби Олӣ «Дин ва ҷомеа» оварда шудааст, ки: «Абӯҳанифа-Имоми Аъзам ба забони қавмҳои ғайриарабӣ, махсусан забони тоҷикӣ мақоми хосса бахшида, аҳамияти онро барои решадор сохтани фарҳанги қуръонӣ дар дилҳои мардум бисёр зарур мешуморид. Аз ин ҷиҳат, таваҷчуҳ ба масъалаи забон дар фаъолияти масчидҳо, аҳамияти он барои ташаккул ва инкишофи худшиносии миллӣ ва ҳифзи асолати миллии забон дар маъвизаҳои ходимони дин бояд ҳамеша дар мадди назар бошад.Ба забони модарии худ бо Парвардигор розу ниёз гуфтан, зикру дуо карданро шариат аз корҳои писандида донистааст».

        Вале, аламовараш ин аст, ки бо ҳама парвози хиради инсониаш, бо ҳама эҳтирому эътимоде, ки аз се ду ҳиссаи мусулмонони дунё ба Имоми Аъзам ва мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафии ӯ доранд, ин марди бузург аз ҷониби  давлатдорони давраш бо хориву ҷабру ҷафо, дар зиндони халифаҳои аббосӣ,  ба ҳалокат расонида мешавад. Марги фоҷиабори ҳаммилати шарафмандамон Имоми Аъзам  худ як дарси ибрат барои мо ва албатта ҳамаи ходимони дин мебошад, ки ҳатто дар мулки бегона ба дунё омада, ба чунин рисолати бузург сазовор шуда, барои дар  ақидаи этиқодиву миллии худ устувор мондан ҷон дода аст.

        Ҳаммилати бохиради дигари тоҷикон, ки дар боло номашро зикр намудем, Муҳаммад Исмоили Бухорӣ ё Имом Бухорӣ мебошад, ки дар асри нуҳи мелодӣ дар озмуни халифаи араб Умар ибни Абдулазиз ширкат варзида,  донандаи ( муҳаддиси)  беҳтарини  ҳадисҳои Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад(с) эътироф гардидааст. Имом Бухорӣ аз шумораи зиёда аз 600 ҳазор ҳадисе, ки то замони зиндагии вай аз ҷониби муҳаддисони зиёде ҷамъоварӣ шуда буданду аксарияташон носаҳеҳ буданд, 7275 ҳадиси саҳеҳро ҷудо намуда, ба шакли  китоби алоҳида, ки «Ҷомеи саҳеҳ» ном дорад, ба табъ расонидааст.  Олимони исломӣ «Ҷомеи саҳеҳ»-и Имом Бухориро беҳтарин ва бузургтарин китоби Ислом баъди  Қуръони карим эътироф кардаанд. Табаррук будани ин китоб ба ҷое расидааст, ки дар борааш гуфтаанд: «Дар хонае, ки китоби «Ҷомеи саҳеҳ» вуҷуд дошта бошад, он хона аз хатари оташсӯзиву дӯздӣ дар амон мемонад».

      Яке аз шахсиятҳои маъруфи олами ислом Имом Муҳаммад ибни Исҳоқи Ҳузайма чунин гуфтааст: «Дар зери сақфи ин осмон ҳофизтар ва донотар ба ҳадиси набавӣ аз Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ надидаам».

      Дар ин радиф инчунин месазад, ки аз орифи тавонои тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифии Ҳиротӣ ёдовар шавем. Ин марди шариф дар миёни ҳама тафсиргарони Қуръон, беҳтарин ва хонотарин тафсири каломи Худоро, ки  бо номи «Тафсири Ҳусайнӣ» маъруф аст, навиштааст. Аз рӯи ин тафсир олами шарқу ғарб ба маънову мазмуни Қуръони карим сарфаҳм мераванд.

         Раванди чунин муаррифии бузургони гузаштаи тоҷикро, ки барои дини мубини Ислом из ҳамаи миллатҳои дигар дида бисёртар хизмат кардаанд, метавонем идома диҳем, вале дар ҳамин ҷо таваққуф намуда, бо ифтихор ёдовар мешавем, ки дар идомаи ана ҳамин анъана, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди ислом дар Тоҷикистон ва ҳифзи ин дини мубин дар арсаи ҷаҳонӣ хизмати беназире намуда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бори дувум дар қатори 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шуданд. Боиси сарфарозист, ки Президенти Тоҷикистон шояд аввалин мусулмон ва сардори давлат дар миёни давлатҳои дунё бошанд, ки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид  дар бораи ба ҳам муқобил будани маъниҳои «Ислом» ва «Терроризм»  ҷасурона  изҳори ақида кардааст. Бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2009 дар Тоҷикистон бузургдошти Имоми Аъзам бо ширкати намояндагони мусулмони давлатҳои  дунё  баргузор шуда, пойтахти Тоҷикистон-Душанберо ҳамчун  Марказии фарҳанги исломии ҷаҳон эътироф намуданд. Имрӯз ҳамагон бохабаранд, ки Президенти Тоҷикистон, аввалин Пешвои миллат мебошанд, ки дар якчанд соли охир ду маротиба вориди хонаи Каъбаи муқаддас гардида, барои файзу баракати рӯзгори халқ ва амнияту осудагии Тоҷикистон ибодат ва дуо кардаанд. Дар сураи Оли Имрон, ояи 97 Қуръони маҷид Худованд фармудааст, ки: «Дар он Хона нишонаҳои равшан, аз он ҷумла мақоми Иброҳим аст; ҳар ки он ҷо дарояд эмин бувад». Бояд тафаккур кунем, ки оромиву осудагӣ ва амнияте, ки дар Ватани азизамон ҳукмфармо аст, аз  ҳамин дуову ибодате, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохили Каъбаи муқаддас ба ҷо овардаанд низ сарчашма гирифтаанд. 

       Дастуру ҳидоятҳои ватанпарастонаи Пешвои миллат дар бораи он, ки имрӯз ислому мусулмонии ҳақиқӣ дар Тоҷикистон аст  ва дар ҳама шакл дуову ибодатҳо  бояд барои оромиву амнияту файзу баракати Ватан  бахшида шаванд, барои ҳар як ҳамватани мо, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият менамоянд,  бахусус ходимони дин, аз ҷумла сархатибу имомхатибони зиёда аз 1700 масҷидҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят  бояд барномаи амал гарданд.

Дар шароити  пуртаззоду ҷангзадаи сиёсии ҷаҳон қарзи шаҳрвандиву инсонӣ ва виҷдонии тоҷику тоҷикистониён аст, ки ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки:

            -ниёгони хирадманди гузаштаи мо, ки ҳаёт ва  донишу истеъдоди худро дар замони бедавлатиҳои миллат гузаронидаву сарф намудаанд, як орзӯ доштанд, ки давлати соҳибистиқлол ва Пешвои воқеан миллӣ, мисли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дошта бошанд;

         -ҳамаи панду андарзҳои диниро барои ваҳдату рушду нумӯи Ватани соҳибистиқлоли Тоҷикистон  истифода баранд, чуноне, ки дини Зардуштӣ барои пойдориву рушду нумӯи Империяи бузурги аҷдодони мо-Империяи Порсоён(Форсҳо), дини Ислом барои ташаккул ва пойдории хилофати Араб ва равияи протестантии дини Масеҳӣ (насронӣ-христианӣ)  барои ваҳдату тараққиёти бемисли Амрикои имрӯза хидмат кадаанд;

         - дар асрҳои 18 ва 19-и мелодӣ зоҳидони(муллоҳои) равияи протестантии дини Масеҳӣ заҳмати зиёде кашидаанд, ки мардуми гуногунмиллати барои кашфи Амрико аз ҳамаи гӯшаву канорҳои дунё ҷамъ омада (ҳабашиҳо, испонитаборҳо, франсавиҳо, инглисҳо, олмониву қабилаҳои скандинавӣ, ҳиндутаборҳо ва дигарон), новобаста аз дину мазҳаб ва забону ранги пӯсташон,  ваҳдату ягонагии давлати Амрикоро таъмин карда, бо ғуруру ифтихор худро « миллати амрикоӣ» ном баранд. Шиори ин миллати нав «Он қадар, ки имон ба эътиқод дорем, ҳамон қадар Амрикоро  обод меозем ва барои амнияту ваҳдати миллии Амрико меҳнат мекунем» будааст, ки метавонад шиори ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла аҳли дину тақвои Ватани мо бошад;

           -  падару модаронро ҳушдор созем, ки дар сурати заҳмати бузурге, ки аҷдоди хирадманди мо (Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигарон) барои рушди Ислом кашидаву оламиёнро ба ҳайрат овардаанд, бо кадом хотир  фирефтаи намояндагони гуруҳҳои ифротӣ шуда, сади роҳи ба Сурияву Ироқ рафтану хоини миллат шудани фарзандон нашуданд?
           - бо истифодаи роҳу усулҳои гунгогун дар ниҳоди ҷавонон бояд ҷой кунем, ки беҳтарин ҳунари ҷавонмард аввал  омода будан ба ҳифзи марзу буми Ватан ва дуюм омӯхтани илм ва касбу ҳунар аст. Ин ду маънӣ аз  каломи Худованд ва ҳадиси Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад(с ) бармеоянд, ки: «Худо њама чизро аз рўи илм офаридааст». (сураи Тањрим, ояти 12),  «Муҳаббат ба Ватан аз гӯшаи имон аст» ва «Омӯхтани илму касбу ҳунар беҳтарин ибодат аст барои ҷавонон», «Талаби илм ибодат аст, такрори илм тасбеҳ аст, омӯзонидани илм барои касе, ки намедонад, садақа аст, худро ба илм бахшидан ин қаробат ба Худовандаст. Роҳи омӯзиши илм роҳи ҷаннат аст»;

  маълум аст, ки дар тӯли зиёда аз 1400 соли мавҷудияти дини мубини Ислом, ҳамеша  савобу самараи намозҳо, аз ҷумла намози ҷумъа ва хутбаи онро барои пойдории давлат ва Сарвар-Подшоҳ-Президенти он мебахшанд, чунки мусаллам аст, ки ризқу рӯзии мардуми ҳар як кишварро Худованд тавассути Сарвару Роҳбари он медиҳад. Пас, барои  ҳар як тоҷики мусулмон қарзи имониву инсонӣ аст, ки  ҳамеша дар тоату ибодати худ, аз ҷумла дар намозҳои ҷумъа, аз Худованд пойдории соҳибистиқлолии Давлати Тоҷикистон ва тани сиҳату комёбиҳои ҳамаҷонибаи Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз Худованд илтиҷо кунем;

- дар зиндагии ҳамарӯза мушоҳида кардан душвор нест, ки шахсони алоҳидаи бо ном «мулло» ба ҳамдиёрон таълим медиҳанд, ки онҳо аз миллати Иброҳими Халилуллоҳанд. Вале оиди  он, ки калимаи «миллат» дар забони арабӣ маънои «дин»-ро дорад, ҳарфе  намезананд. Инчунин намегӯянд, ки калимаи «миллат» дар забони тоҷикӣ ба маънои «аслият, қавм, нажод» қабул шудааст. Ҳамин тавр зиёда аз ҳазор сол  чунин тарғибот  ҳуввияти  миллии ҳар як тоҷикро коҳиш медод ва мусоидат мекард, ки  аз миллату аслияти нажоду фарҳанги хеш дур шавад. Сабаби асосии чунин ҳолат набудани соҳибистиқлолии давлатӣ буд. Хушбахтона  имрӯз бо шарофати истиқлолияти Тоҷикистон мардуми он соҳиби муқаддасоти миллии худ: Забон, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд.

     Хулоса, бояд ҳамаи донишу таҷриба ва дараҷоти худшиносии миллии худро дар таълиму тарбияи ҷомеа ва хусусан қишри ҷавони он ба тарзе истифода барем, ки ҷавобгӯи дастури зерини  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи нангу номуси ватандорӣ бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту ватанпарвар бошем».

Аҳмадҷон Ализода,

раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.