Мо «Созандагони Ватан» ба сафи ҲХДТ шомил шудем

Printer-friendly versionSend by email

Тибқи нақшаи шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» таҳти унвони  «Мо созандагони Ватан» рӯзи 14 апрели соли равон ба ҷавонони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шифокорон» ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳр бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ Қумринисо Гулмуродзода, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Шифокорон» Тағойбек Зоидов, мудири Коллеҷи тиббӣ Зафар Қараев, собиқадорони ҳизб, роҳбари Бахши намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» С. Зоиров вохӯрӣ доир  гардид.Тағойбек Зоидов ифтитоҳ бахшида, мақсади ҷамъомадро ба ҷавонон фаҳмонида иброз намуданд, ҷавонон ва донишҷӯёни ин даргоҳ дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли ҷавонон эълон гардидани  соли 2017 ҳушёрию зиракии миллиро аз даст надода, ин солро бобоҳои аъло ва интизоми намунавӣ пешвоз хоҳанд гирифт.  Сипас Раиси Кумитаи иҷроия ҲҲДТ дар шаҳри Норак Қ. Гулмуродзода аз кору фаъолият ва иштироки фаъолонаи аъзоёни ин ташкилот дар тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд. Дар пеш ҷашнҳои муҳими сол- 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» истодааст, кибахшида ба ин санаҳои муҳим корҳои муҳими созандагиву бунёдкориро роҳандозӣ намоем. Дар фарҷом ба аъзоёни «Созандагони Ватан»-и коллеҷи тиббӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак М. Ғуриева

SAM_5451.JPGSAM_5488.JPG

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.