Маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ оиди пешбарии вакил ба Конференсияи 17-уми ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар ташкилотҳои ибтидоӣ бо маром идома доранд

Printer-friendly versionSend by email

Дар асоси  қарори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа №9 аз «10» апрели 2017  оиди даъвати Конференсияи 17-уми ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гашта истодаанд. Дар асоси қарор меъёри намояндагӣ аз 60 аъзои ҲХДТ 1 вакил муқаррар гардидааст. Ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбие, ки шумораи аъзояшон аз меъёри намояндагии муқараршуда кам мебошанд, иҷозат дода шудааст, ки ба конференсия як нафар вакил пешниҳод намоянд.

Дар ташкилоти ибтидоии «Роҳсоз»-и шаҳри Қӯрғонтеппа чунин маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ бо аъзои ҲХДТ баргузор гардид. Дар ин маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Т. Наҷидуллоев ва мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Дилафрӯзи Абдулло ширкат варзиданд. Дар рафти маҷлис 3 масъала: Ҳисобот оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Роҳсоз» аз моҳи октябри соли 2014 то моҳи апрели соли 2017, интихоби раиси ташкилоти ибтидоии «Роҳсоз» ва интихоби вакил ба Конференсияи  17-уми ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа дида баромада шуданд.

Инчунин дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Даво», «Театри мусиқӣ-мазҳакавӣ», «ТВ ва радио» ва дигарон чунин маҷлисҳо доир гардида, вакилон ба Конференсияи 17-уми ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа пешбарӣ гардиданд.

fg1.JPGfg2.JPG

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.