Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак корҳои фаҳмондадиҳиро фаъол менамояд

Printer-friendly versionSend by email

Бо роҳбарии раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, узви КИМ ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа С.Қосимзода бо иштироки аъзои комиссия ва даъвати устодону  роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар маҷлис сараввал рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва оид ба иҷроиши нақшаи кории комиссия барои соли 2017 шунида шуд. Инчунин дар бораи рафти иҷрои қонуни номбурда оид ба давомоти хонандагон мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода шуд.

Ҷиҳати иҷрои моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадориҳои омӯзгор” қайд кардан ба маврид аст, ки ба кӯдакони болаёқату аълохон ва падару модароне, ки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро муваффақона иҷро менамоянд, аз тарафи омӯзгорон диққати ҷиддӣ дода шуда, баръакс падару модароне, ки масъулияти худро тибқи қонун пурра иҷро намекунанд, назорат кам ба назар мерасад.

Баъд аз он фикру андешаҳои роҳбарони муассисаҳои таълимӣ шунида шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.