Иқтибосҳо аз китоби арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «ДИН ВА ҶОМЕА»

Printer-friendly versionSend by email

Зарур аст, ки  халқу миллатҳо дар айёми  гардишҳои куллӣ ва  таҳаввулоти таърихӣ дар интихоби арзишҳои  миллии худ хато накунанд. Бино ба маълумоти муаррих Ҳилол ас-Сабӣ амирони сомонӣ барои дастгирӣ ба  мардуми Бухоро муроҷиат намуданд ва мардум бошад ба муҳтарам фақеҳони исломӣ: «…он замон ба муроҷиати мардуми  Бухоро муҳтарам «фақеҳони» замон фатво доданд, ки Сомониён ва Қарахониён байни худ на барои дин, балки  барои ҳокимият мубориза мебаранд, аз ин лиҳоз, мусулмонон набояд ба ин низоъ дахолат кунанд…». Онҳо дар доираи  «уммат-ул-исломия» ҳарф зада, ҳуқуқ ба сиёсату  идораи  мустақилонаро дар сарҳади аҷдодии мардуми тоҷик аз назар дур монданд. Касе он замон гуфта наметавонист, ки ин буғикунии давлатдории халқи  тоҷик чароғи идораи миллиро ба муҳлати қариб  ҳазор сол ба олами хомӯшӣ хоҳад партофт.  Воқеан, ҳамин тавр ҳам шуд. Ин на шикасти  Сомониён балки шикасти  таърихи  сеҳазорсолаи давлатдории  форсҳо дар Тӯронзамин буд… Хомӯшии мардуми  Бухоро, бетарафии сокинони  тоҷикзабони  Мовароуннаҳр, ки аз худшиносию ватандӯстӣ маҳрум шуда буданд, сазои ин амалро дар  муҳлати қариб ҳазор соли оянда бо тамоми вазнинию  нобасомониҳояш ба фарзандону  наслҳои  ояндаи ин минтақа ба мерос гузошт. Хатогии асосӣ- сари интихоби роҳ ва арзишҳои миллӣ  буд. Албатта, бедодгарии ҳокимони  он замон, бори вазнин шуда буд, вале  ин ҳама дар назди бедодгариҳои  баъдӣ ҳеҷ буд, ки касе инро дарк карда ҳам наметавонист…

Кӯшишҳои беназиру қаҳрамононаи Муҳаммад Исмоили Бухороӣ дар ҳифзи тамаддуни исломӣ, идеяҳои олии башардӯстии Мавлоно Балхӣ, ақидаҳои волои назарияи идоракунии инсондӯстонаи  Низомулмулки Тӯсӣ, ташвиқи табақаҳои меҳнатии Носири Хисрав, тарбияи илмомӯзӣ,  ҷавонмардӣ ва муҳаббатварзии Низомии Ганҷавӣ, маърифати ирфонии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ғазалиёти  ишқӣ ва панду  насиҳатҳои одамгаронаи Шайх Саъдӣ, нолаҳои ҷонгудози  дар ғурбат афтодаи Хоҷа Камол ва дигар дастовардҳои абарқудратони форсигӯй, ки ба тарғиб, ташвиқ ва ҳифзи арзишҳои олии инсонӣ машғул буданд, ба  осиёби илми ҷаҳонӣ, маърифати ҷаҳонӣ ва инкишофи таърихи умум об рехта, имконияти ҳифзи манфиатҳои  миллати форсигӯй-тоҷиконро  аз мадди назар дур монда буданд. Онҳо он қадар дар паҳноҳои васеи  инсоншиносӣ парвоз мекарданд, ки ҳатто ба  кушудани маънии  васеи  ҳадиси паёмбари  ислом (с): « мардумро дӯст доштан осон аст, ҳамсояро дӯст доштанро ёд гирифтан лозим» вақт надоштанд. Садои Фирдавсии бузургвор, ки аз гӯшу хаёли  ҳокимони маҳаллӣ дур буд, таҳлили хоссаро талаб менамояд. Ҷаҳонбинии онҳо то он дараҷа аз сатҳи одии худшиносӣ ва миллатшиносӣ (ба истиснои Фирдавсӣ) дур рафта буд, ки  дар саргаҳи арзишҳои васеътари умматшиносӣ-«уммат ул исломия», одамшиносӣ-«бани одам аъзои  якдигаранд», қарор  гирифта, ҳамагуна баробарӣ, озодӣ ва адолатро дар ин сарҳадҳои  биниши олами моддӣ ва  маънавӣ тарҳрезӣ мекарданд. Ин, албатта, аз нигоҳи таърихи умумиинсонӣ хуб буд, зеро  онҳо бори фарзандони фарзонаи Одамро  берун аз сарҳади миллат ва халқият мекашиданд.  Онҳо аз воқеият хеле пеш рафта буданд. Бо вуҷуди он забони онҳо, муоишрати илмии онҳо, сайру хаёлоти илмии онҳо ва баъзе  аз таъкидоти ватанпарастонаи онҳо забону  халқияти маҳрум аз давлатро аз нестӣ то ҳадде нигоҳ дошт.  Вале ин  амал бо чунин равшанфикрони оламшумул, ки бедавлатону чодарнишинонро давлатдорӣ омӯхта, саҳронишинонро савод дода,  тамаддуни исломиро аз бӯҳрони вазнини сиёсӣ ва динӣ раҳоӣ бахшид, дар  муносибат бо маҳдудаи сиёсии  давлатӣ, халқӣ ва баъдан  миллӣ хеле ночиз буд.

Дар бештари мавридҳо зарурати эътирофи бартарии  арзишҳои  миллӣ ва  манфиати  истиқлолияти кишвар аз сарчашмаҳои динӣ мабдаъ мегирад. Зеро дар шинохти манфиат  ва бартарӣ дар он ислом дар ҳолати бархӯрди манфиатҳои динию умумиинсонӣ ва ё минтақавӣ бештар ба он арзише такя мекунад, ки  вай ба адли зиндагӣ, оромии  ҷамъият, баробарӣ ва озодист. Мутобиқи таълимоти исломӣ адл,  осмону замин ва он чӣ миёни  ин ҳарду  аст ба ҳақ пойдор аст (46-3), якрӯза адли  подшоҳи одил (роҳбари одил)  аз ҳафтодсола тоати мусулмони золим  афзалтар аст, мулк  бо куфр мепояду  бо зулм не, инсонҳо чун дандонаҳои шона баробаранд (ҳадисҳои паёмбари ислом), ва кас барои амали хеш ҷавоб мегӯяд (35-18) як  низоми  мувозинати иҷтимоиро  рӯи кор овардаанд, ки  дар  он қабл аз арзишҳои  сирф тоатӣ ва эътиқодии динӣ оромию ободии  қавму  миллатҳо, амнияти давлат ва шароити  мӯътадили инкишофи  миллат ҳифз  мегардад. Зеро бе амну сулҳ ва ваҳдат  ба ҷо овардани эътиқоди  динӣ ва инкишофи  муътадили ҷаҳонбинии динӣ номумкин аст. Ин заруратро  сарчашмаҳои асосии  исломӣ ҳамчун  қонунгузори олӣ хеле хуб  дарк намудаанд. Ин нуктаро роҳбарони давлатҳои исломӣ ба хубӣ дарк  намудаанд, ҳатто бунёдгузори Ҷумҳурии  исломии Эрон Оятулло Хумайнӣ ба ин маъно таъкид дошта буд: «Ман сахт эътиқодманд ҳастам ба он нукта, ки арзиши идора намудани давлат бояд аз  тамоми  манфиатҳои дигар, ҳатто манфиатҳои динӣ, чун намоз, рӯза ва ҳаҷ ҳам  авлотар дониста  шаванд.  Давлат метавонад тамоми зуҳуротро манъ эълон намояд, агар ин зуҳурот ҷавобгӯи манфиатҳои давлат набошанд,  ҳатто агар ин манъкарданҳо дар зиддият бо манфиатҳои исломӣ ҳам  бошанд. Зеро манфиатҳои ҳокимияти давлатӣ бузургтар аз қонуниятҳои  исломӣ ҳастанд». (Ин ибораи О. Хумайнӣ аст, ки  дар китоби «Саҳифаи нур» навишта шудааст).

Дин дар  қатори  дигар омилҳои  асосии пешбарандаи ҷомеаи инсонӣ воситаи муҳими инкишофи  ҳар ҷомеа чӣ дар таърих ва чӣ дар  замони муосир маҳсуб мешуд.  Давлат ва ҷамъиятҳое, ки ба зинаҳои арзандаи инкишоф расида буданд, муносибати дурусти эҷодкорона  ва мусолиҳатомезро бо дин дошта, атбоъи онҳо диндории  хирадмандонаю  созандаро таҳмил намуда буданд. Зеро дин ба замми он, ки талаботи  эътиқодии моро қонеъ мекунад, вай ҳамчун воситаи  муҳими дарёфти ҳақиқат, адолат ва инсоф  мардумро  ба роҳи рост, ҳамгироӣ, амали хайр ҳидоят намуда, дар нигоҳ доштани ҳолати эътидоли руҳӣ ва низому  тартибот дар ҷомеа аз ҳар ҷиҳат мусоидат мекунад. Аз ин лиҳоз, ба  зинаи воло рафтани қудрат ва нерӯи давлатдории давлатҳои муосир гувоҳи он аст, қабл аз расидан ба қуллаҳои баланди  ташаккули назарӣ ва амалӣ дар ҷомеа ва давлат  таҳаввули диндорию  эътиқоди динии  мардум рух медиҳад.

Мисол, Амрикое, ки дар зинаи олии ислоҳоти ҳуқуқию иҷтимоӣ қарор дорад, ба қавли  муҳаққиқон то расидан ба ин зинаи олии  инкишоф  чор зинаи  бедории (ташаккул ва таҳаввули)  протестантизмро паси сар намуд.  Аҷиб он аст, ки чунин  зинаҳои  тағирпазирии диндории  онҳо ҳар дафъа бо ислоҳоти  муҳими сиёсӣ тавъам буда, барои миллати  Амрико, барои давлати онҳо ва истиқлолияти кишвар хидмат менамуд. Дар нахустин ислоҳоти  бузурги диндории мардуми Амрико дар солҳои 1730-1740 «Такони таълимоти евангелӣ, - менависад муҳаққиқ аз  Гарвард Алан Хаймерт-воситаи ниҳоии  миллатгароии амрикоӣ буд.  Дар калисоҳои евангелӣ иттиҳоди трибунҳо ва халқ дар заминаи  демократияи амрикоӣ тавлид мешуд». Силсилаи ин ислоҳоти бузурги  диндорӣ ба муттаҳидии миллати амрикоӣ онҳоро ба ваҳдати миллии  онҳо оварда расонд. Зеро дин масъулияти  мардумро дар назди  миллати воҳид ва истиқлолияти кишвар тарбия намуда, мардумро ба  худшиносии миллӣ оварда расонидааст.

Эҳёи дуюми бузурги диндории амрикоиҳо дар солҳои 1820-1830 ба вуқуъ пайваст, ки шиори саркардагони он «ба он дараҷае, ки имон ба эътиқод дорем, ба он дараҷа заҳмат кашидан лозим», зеро танҳо бо заҳмати созанда ва амалия бартарии имон ва эътиқодро собит намудаст.  Дар ин зина  диндории амрикоиҳо ба дарки арзишҳои мусолиҳакорӣ, ба тарбияи руҳии мардум, беҳтар кардани шароити озуқаи  меҳнаткашон, мубориза барои сулҳ, манъи танфурӯшӣ, инкори ғуломӣ  ва ғайра  расид. Ҳамин тавр ду давраи  дигари ислоҳоти ҷаҳонбинии амрикоиҳо пайдарҳам ба манфиатҳои умумии миллат ва давлат хизмат намуда, ба тарбияи насли наврас  ва инсони замони муосир нақши бориз гузошт.

Чунин таъсири мусбии динро ба инкишоф ва ваҳдати аъзои ҷомеа мо дар таърих зиёд медонем. Дини Зардушт ба тавлиди империяҳои бузурги форс  Ҳахоманишиҳо, Портҳо  ва Сосониҳо  мусоидат кард. Оини озодипарастии Куруш ба тавлиди Эъломияи Куруш ҳамчун нахустин санад оид ба ҳуқуқу озодии инсон мувофиқат кард. Дини  насронӣ ба мазмуни ҳуқуқи римиҳо дар замони элиниҳо ахлоқ, инсоф ва хирадро ворид намуд. Паёмбари ислом  ба низоми ғайриадолатноки салтанатҳои ҷаҳон зарба зада, ба нуфузи давлати  бодиянишини араб мадад кард.  Исломи замони асрҳои миёна ба  тарбияю баланд бардоштани маърифат ва савияи дониши  қабоили саҳронишин ва кӯчманчӣ мусоидат намуд. Назариёти ирфонии Мавлонои Румӣ ба таҳаввулоти  тамаддуни ғарбию шарқӣ ва фарҳанги  туркию тоҷикӣ мусоидат намуд. Аммо, дар мо мутаассифона, иддае исломро танҳо ба воситаи ҳимояи манфиати  гурӯҳе табдил дода,  истифодаи дигар ҷанбаҳои арзишманди онро мамнӯъ карданианд.  

Аз китоби «Дин ва ҷомеа»-и Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳияи раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода.

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.