Илм асту амал равшании рӯи ҷаҳон…

Printer-friendly versionSend by email
Ба ифтихори 20- солагии Ваҳдати миллӣ ва аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон
Илм асту амал равшании рӯи ҷаҳон…
(Гулчини  рубоиёт ва резабайтҳо  аз китоби «Фарёди дил»-и
 Расул Собири Дашти Ҷамшедӣ)
Рубоиёт
Мо шод фақат дар Ватани аҷдодем,
Дар ҳалқаи ҳифзи хештан озодем.
Гар ҳокими дунёем дар мулки ғариб,
Дар ҳасрати  оби мулки худ дилшодем.
 
Ватан рӯи замин беҳтар макон аст,
Ба арзиш нархи як рӯи ҷаҳон аст.
Ба ҳар ҷое агар, ки зистам ман,
Бубин, номаш ҳамеша дар забон аст.
 
Гар сарвари мардумони олам бошем,
Бояд, ки ба ҳам тифоқу ҳамдам бошем.
Дар рӯи замин, ки навбати будани мост,
Сарҷамъ бошем мудом бо ҳам бошем.
 
Сармоя кулли зиндагонӣ нанг аст,
Бадбахтии  кулли одамиён ҷанг аст.
Ҳастии ману шумо дар ин рӯи замин,
То лаҳзаи вопасин ба чандин ранг аст.
 
Оне, ки надорад ору номӯс,
Як умр ҳамехӯрад сад афсӯс.
Берун зи Ватан набошадаш фарқ
Кулоб зияд ва ё ки дар Тӯс.
 
Кай хашму ғазаб мутеи ҳилме бошанд,
Кай ҷоҳилу бад соҳиби илме бошанд.
Онҳо, ки ҳаёти мо ба тороҷ баранд,
Дар дохили устухон чу кирме бошанд.
 
Ба фитна гар биёбӣ ризқу рӯзӣ,
Ҳама буду набудатро бисӯзӣ.
Нагир аз мардуми бечора доне,
Наёбӣ риштае чокат бидӯзӣ.
 
Бадандеше агар сардор бошад,
Сари сад кас ба зери дор бошад.
Агар раҳбар бигардад марди оқил,
Ба ҳар  хурду калон ғамхор бошад.
 
Душмани қаттоли одам нафси ӯст,
Ҷой андар жарфи қалбу зери пӯст.
То тавонӣ дар ҷавоният бикӯш,
Бармаҳал ин куштани нафсат накӯст.
 
На ҳар фарзанди одам оқил ояд,
На ҳар олим ба ҳикмат одил ояд.
Падар омӯз бар фарзанди худ ақл,
На ҳар кас дар садоқат моил ояд.
 
Илм асту амал равшании рӯи ҷаҳон,
Бе ҳастии он зулмату тор аст замон.
Фарде, ки аз ин ганҷ надорад зарра,
На ҳурмати кас бинаду  на ному нишон.
 
Фарҳанги забони модариро мехон,
Аз кони хазинаи сухан зарра бидон.
Пайваста бихону як дам андеша намо,
Шукрона бикун, Худо бу ту дод забон.
 
Яке гӯяд, ки Хатлон ҷои беҳ аст,
Дигар гӯяд, ки беҳтар мулки деҳ аст.
Маро мақбули зистан  ҳаст ҷое,
Ки ҳурмат дар миёни кеҳу меҳ аст.
 
Шукрона кунед, моҳи айём шавед,
Муҳтоҷ ба гуфтаҳои Хайём шавед.
Дар маъракаи вафо ба ҳам ҷӯр шавед,
Гар давр сабӯ шавад шумо ҷом шавед.
 
Хушҳолии умри одамӣ фарзанд аст,
На ҳосили боғу рамаи гӯсфанд аст
Кандан натавонӣ меҳри фарзанду падар,
Зеро зи азал ба якдигар пайванд аст.
 
Ин ғофили баҳр ғарқ дар об шавад,
Хун мехӯрӣ, ки фарзанд баодоб шавад.
Гар ранҷонад, касе бузургонашро,
Рӯзе ба балои ақл нотоб шавад.
 
Мардон ҳама бар маърифати дилҳоянд,
Занҳои ҷаҳон ба лутфи худ яктоянд.
Зан лаззати умри марду мард аст зи зан,
Бе якдигарӣ ду ҷинс бемаъноянд.
 
Гар найшакарӣ, ба ман биё қанд бидеҳ,
Занбӯри асал туӣ, асал чанд бидеҳ.
Гар ошиқи устувор бошӣ дар ишқ,
Ман бехабарам, биё маро панд бидеҳ.
 
Корида ту хор, умеди сунбул дорӣ,
Нодида чаман, ҳавои булбул дорӣ.
Ту раҳм намекунӣ ба умри гузарон,
Хушкида ба даст қабзаи гул дорӣ.
 
Донам, ки бадӣ накарда будам ба касе,
На хӯрда ҳаромеву на дуздида хасе.
Озори гарон агар диҳандам зи қазо,
Некӣ кунам аз дигар, чу бошам нафасе.
 
Аз таънаи беасос дилсӯхта шудам,
Аз некии мардумон афрӯхта шудам.
Аз пайраҳи серсанг бар сӯи ҳаёт,
Бигзаштаму ғалтидаму бас пухта шудам.
 
Одамиро зеби зоҳир гавҳар аст,
Баҳри ороиш кунҷе заргар аст.
Баҳри ботин кони ганҷи  ақл беҳ,
Хомӯшӣ аз бадзабонӣ беҳтар аст.
 
Дар сухан гуфтан ту бетакрор бош,
Дар рафиқӣ бовафо, бо ор бош.
Баҳри мардум, баҳри хешу ақрабо,
Ҳар шабу ҳар рӯз ту даркор бош.
 
Ҷавонмардӣ фақат бо нон набошад,
Мусулмонӣ фақат имон набошад.
Бимон бар сар кулоҳу сар фуруд ор,
Куҷо мушкил, ки он осон набошад.
 
Агар дар хонае раҳбар набошад,
Сафои болину бистар набошад.
Худоё бепадар тифле намонад,
Аз ин дида дигар бадтар набошад.
 
Агар, ки дар ҷаҳон ғурбат намешуд,
Ба умри даргузар нафрат намешуд.
Агар пайдо намебуд нангу номус,
Ягон кас соҳиби шӯҳрат  намешуд.
 
Қаламкашро қалам оин набошад,
Ба нокас фарқи куфру дин набошад.
Ҳар он, ки ҳурматашро мепазиранд,
Миёни мардумон поин набошад.
 
Барои зеби гардан муҳра бояд,
Барои  зеби одам ҷӯра бояд.
Барои раҳбари имрӯзу фардо
Хирадмандию зеҳни пурра бояд.
 
Тамоми умр худ андеша кардам,
Хаёли шоху баргу реша кардам.
Агар пурсанд чун будам ба олам,
Накӯиро ҳамеша пеша кардам.
 
Аз зарби табар чу кунда бар дод ояд,
Аз даҳшати ғам гузашта дар ёд ояд.
Лаънат ба ҳамон касе, ки бо тундии ӯ,
Ҳамсояву раҳгузар ба фарёд ояд.
 
Гӯянд, ки майкашон одам нашаванд,
Аз ҷумлаи оқилони олам нашаванд.
Чун гову харе шаванд, гар май нӯшанд,
Ин рост, валек ҷумла беғам нашаванд.
 
Гар шиша ба санг хӯрд, сад пора шавад,
Раҳгумзада саргаштаю овора шавад.
Фарзанд агар ба қадри  модар нарасад,
Ӯ бандаи бенавову бечора шавад.
 
 
Аз гуфтаи оқилон сано меояд,
Аз гуфтаи аблаҳон бало меояд.
Аз кардаи дӯстон сахо мерӯяд,
Аз кардаи қотилон қазо меояд.
 
Сухан гуфтӣ агар, ширинзабон бош,
Макаш бандаш, ҳаме кӯтаҳбаён бош.
Чунон кун, як шавад қалбу забонат,
На чистон бош, бе шарҳу баён бош.
 
Сахо бинмо, ки дастонат бубинанд,
Табассум кун, ки дандонат бубинанд.
Касе асло надонад ту чӣ дорӣ,
Дарат бикшой, то хонат бубинанд.
 
Касе, ки ҳурмати инсон надорад,
Мурувват  бар тану имон надорад.
Бигардӣ ҳамнишинаш, хуб донӣ,
Зи ақли одамӣ чандон надорад.
 
Серӣ чу худат, дигар чӣ армон дорӣ,
Гар дар камарат захираи нон дорӣ.
Аз баҳри наҷоти  халқ ҳиммат бинамо,
То рӯзе, ки ҳастиву ба тан ҷон дорӣ.
 
Ҳар диле, ки саҳви беҷо мекунад,
Душмани ҷон асту расво мекунад.
Бесаранҷом он, ки коре мекунад,
Машварат нокарда танҳо мекунад.
 
Андешаи бад ба сӯи мақсад набарад,
Ҳеҷ одами нек номи лаънат набарад.
Раҳмат ба сипос бар ҳамон шахсе бод,
Аз хурду калони деҳа миннат набарад.
Дар даҳр, ки мезием шуғле бояд,
Бар  он, ки насиба аст, шукре бояд.
Гар гуфтаи мо ба нуқси мардум бошад,
Дар куштани ин забони мӯҳре бояд.
 
Ҳар гоҳ, ки хашм дар дилат хона кунад,
Тимсоли даранда ҳамла якбора кунад.
Ту хашми ғазаб шикаста натвонӣ агар,
Маҳрум зи хешу  тарки кошона кунад.
 
Одам на ба тан, ба номи худ мемонад,
Бо лаззати ҳар каломи худ мемонад.
Ҳар неку баде, ки мекунад дар олам,
Бо пухтаи хешу хоми худ мемонад.
 
Гар бубинам меҳру дармони падар,
Сар напечонам зи фармони падар.
Нест айбе дар падар, айби ман аст,
Некии ман ҳаст армони падар.
Резабайтҳо
Ҳар кӣ донад қадри модар, шоҳ ӯ,
Аз баду неки  ҷаҳон огоҳ ӯ.
 
Раҳнамои мо зи модар як дуост,
Модар ар розӣ бувад, розӣ Худост.
 
Ҳиммати мизбон на дар нон додан аст,
Иззати меҳмон ба ҷо овардан аст.
 
Қарзи шавҳар поси қисмат доштан,
Қарзи зан покию исмат доштан.
 
Давлати дунёш буд, одам набуд,
Номи Ҳотам дошт, вале Ҳотам набуд.
 
Зи ҷоми май тавон парҳез доим,
Зи ҷамъи майкашон бигрез доим.
 
Агар раҳбар азизи халқ набвад,
Ба иҷрои қарораш завқ набвад.
 
Гар надорад ӯ ба худ касби ҳалол,
Охири кораш бувад ранҷу малол.
 
Гар ҳамсари ту ҷафописанд аст,
Дил то дами марг дардманд аст.
 
Ҳар кӣ  ҳиммат дошт, ӯ дар ҳурмат аст,
Ҳар кӣ иллат дошт, ӯ беиззат аст.
 
Ягон кас бе ҳунар давлат надидаст,
Куҷо марди ҳунар сарват надидаст.
 
Ақли одам мефизояд аз ҷаҳонгардии ӯ,
Бартарии зиндагонӣ аз ҷавонмардии ӯ.
Таҳияи раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Аҳмадҷон Ализода

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.