ЗИЁД НАМУДАНИ АЪЗОИ ҲХДТ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОНУ ҶАВОНОН

Printer-friendly versionSend by email

Бо мақсади аз ҳисоби занону ҷавонон  зиёд намудани аъзои ҲХДТ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтааст, ки суҳбату вохӯриҳоро дар байни ҷомеа бештар намояд.

Бо ин мақсад бо занону ҷавонон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Парасту» ва «Дурахшон» вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯриҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб Саъбагул Валиева ва шоираи ваҳдатсаро Хосит Вализода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти вохӯриҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева изҳор кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 декабри соли 2016 ироа гардида буд, соли 2017-ро «Соли ҷавонон» элон намуданд. Ҳамзамон гуфт, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти дастгирии ҷавонон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб кӯшиш менамояд, ки аъзои ҳизбро аз ҳисоби ҷавонон ва занон зиёд намояд.

Дар ин вохӯриҳо ба аъзои нави ҲХДТ, ки бештари онҳоро занону ҷавонон ташкил  медод, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

dol3.JPGdol2.JPG

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.