Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор». Ташаббуси Пешвои миллат шоистаи дастгирист

Printer-friendly versionSend by email

Қабул намудани қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милалли Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба худ ҷалб намуд.

Ташуббускори асосии ин қатънома Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва ин бори аввал нест. Бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 – 2015 даҳсолаи байналмилаллии амалиёт «Об барои ҳаёт» ва соли 2013 соли байналмилаллии ҳамкорӣ дар соҳаи об аз ҷониби ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ Созмони Милалли Муттаҳид эълон шуданд.

Ҳадафи асосии ташаббусҳои Сарвари давлат ҳушдор додани ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз хавфи бузурге мебошад, ки дар сурати муносибати нодуруст ба он ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилот мувоҷеҳ мегардад.

Мушкилоти  норасоии об имрӯзҳо дар тамоми сайёра ба чашм мерасад ва  қариб 1,2 миллиард одам аз оби нӯшиданӣ танқисӣ мекашанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои обӣ дар миқёси ИДМ баъди Руссия ҷои дуюм ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ  дар ҷои аввал меистад. Пиряхҳои дар қаламрави мамлакати мо вуҷуд дошта манбаи серобшавии дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошанд.

Чунон ки маълум аст, вобаста ба ифлосшавии атмосфера ва дигаргун гаштани иқлим вазъи экологии сайёра сол ба сол мураккаб гашта истодааст. Аз ин рӯ, истифодаи оқилонаи захираҳои обии Тоҷикистон барои ҷомеаи мо зарур аст.

Ҳалли дастаҷамъонаи масоили марбут ба мушкилоти об барои беҳ намудани вазъи хоҷагии об беҳтар шудани ҳолати истифодабарии захираҳои обӣ оварда мерасонад.

Мо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва кулли мардуми кишварро мебояд, ки ташаббусҳои Сарвари давлатамонро, ки вобаста ба мушкилоти умумиҷаҳонии об аст, ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, захираҳои обии Тоҷикистони азизамонро оқилонаю сарфакорона истифода бурда, дар ҳалли мушкилоти мавҷуда каме ҳам бошад, саҳмгузор бошем.  

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.