Дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар амал

Printer-friendly versionSend by email

Тибқи  накшаи  чорабиниҳои  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав ва ҷадвали  тасдиқгардида  дар  ҳамбастагӣ  бо  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав бо  мақсади  амалӣ  гардонидани  дастуру  ҳидоятҳо, супоришҳо ва  даъватҳое, ки  дар  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои  миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  22 декабри  соли  2016 ироа  гардидаанд  ва иҷрои  қарори  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлон аз  14.02.2017, №8   ҷиҳати  баланд  бардоштани  ҳисси  ватандӯстӣ,    ҷалби  ҷавонон  дар  иштироки  ҳаёти  сиёсиву  иҷтимоии   Тоҷикистони азиз   ва бахшида  ба     “Соли  ҷавонон” эълон  шудани  соли 2017, бо  иштироки  аъзои  гурӯҳи  корӣ  ва  роҳбарони  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқи  ноҳия дар ҳамаи  маҳаллаҳои   ҳудуди  ҷамоатҳои  деҳот   бо  сокинон  ва ҷавонону  наврасон  вохӯриҳо  баргузор  гардида  истодаанд. 

Дар    маҳаллаи  Муъминободи  ҷамоати  деҳоти  “Истиқлол”  ва  дар  маҳаллаи  20-солагии  Истиқлолият  ҷамоати  деҳоти  “Фирӯза”  вохӯриҳо  баргузор  гардид.

Вохӯриҳоро  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Сурайё Алиева    ифтитоҳ  намуда,  мақсади  баргузории  вохӯриҳоро  шарҳ дода,  ҳадаф  ва муҳтавои  дастуру  ҳидоятҳо  ва  супоришҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ-  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Раиси  ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро ба  ҳозирин  фаҳмонида дод. Инчунин дар вохӯриҳои болозикр узви  Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳия,  раиси  ноҳияи Носири Хусрав    Оймаҳмадзода  Рамазон Алихон иштирок ва суханронӣ намуда, қайд  намуд,  ки   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Паёми  навбатии   хеш тамоми  самтҳои  иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангиву мадании  мамлакатро  натиҷагирӣ  намуда,  нақши  ҷавононро  дар ҳаёти  иҷтимоию  иқтисодии  кишвар  хеле  муҳим  арзёбӣ  кард.    Ташаббуси   навбатии  Ҷаноби  Олӣ, ки  дар  Паёми  худ  соли  2017-ро “Соли  ҷавонон” эълон  доштанд, намунаи ғамхории Пешвои миллат дар ҳаққи ҷавонон мебошад.  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ташаббусу  пешниҳодҳои  созандаи  ҷавононро  дастгирӣ  намуда, барои  амалӣ  гардидани  онҳо  ҳамаи  шароити  мусоидро  фароҳам   оварда  мешавад. Оймаҳмадзода Рамазон Алихон  дар рафти суханронӣ аз  ҷавонони  ноҳия   даъват  ба  амал  овард, ки  дар  тамоми  самтҳо  бештар  фаъол  бошанд, ташаббусҳои  созанда  пешниҳод  намоянд, рамзҳои  давлатӣ, муқаддасоти  миллӣ  ва  дастовардҳои  истиқлолиятро  ҳифз  намоянд.  Ҳисси  худшиносии  миллӣ ва  ватанпарастиро  баланд  бардошта , ба  гуруҳҳо  ва  ҷараёнҳои  ифротӣ  шомил  нашаванд.

Аъзои гурӯҳи корӣ дар  баромадҳояшон қайд намуданд, ки дар Паёми Пешвои  миллат, Президенти мамлакат оид ба  комёбиҳо ва муваффақиятҳои ҷумҳурӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат  муфассал маълумотҳо доданд. Аз ҷумла қайд шуд, ки сиёсати давлат дар ин марҳала ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад.

Дар  фарҷоми  баргузори  вохӯрӣ  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳия  С. Алиева        қайд  кард, ки  Кумитаи  иҷроия ҳизби ноҳия тамоми  ҷидду  ҷаҳди  худро ба  он  равона  месозад, ки ҷавононро  дар  руҳияи   ҳисси  ифтихори  миллӣ, соҳибдавлатӣ истиқлолияти  миллӣ, муҳаббат  ба  Ватан, эҳтиром   ба  арзишҳои   миллӣ  тарбия  намояд. Ташкилу  баргузори  чунин    вохӯриҳо  дар ҳамаи  маҳаллаҳо ва   муассисаҳои  таълимӣ  идома дорад.

b3.JPGb2.JPG

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.