Дар ноҳияи Ёвон маъюбони дастгирӣ меёбанд

Printer-friendly versionSend by email

Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати расонидани дасти хайру сахо ба ятимону бепарасторон ва маъюбон ва  дар партави баргузории Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ҳамватанони  маъюбу бепарастор зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд» ва бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 20 –солагии Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани вазъи воқеӣ, шумора ва ҳолати ниёзмандии маъюбон, мусоидат баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ ба маъюбони бистарӣ ҷиҳати беҳтар намудани зиндагӣ, фароҳам овардани шароити хуб барои онҳо, ташкили аёдати маъюбону беморони бистарӣ аз тарафи тиҷоратмадорону соҳибкорони муваффақ-аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва расонидани кӯмаки моддиву молиявӣ расонида мешавад.

Санаи 21 апрели соли равон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо намояндагони соҳибкорони тоҷик дар Федератсияи Россия Иброҳимов Парвиз, Иброҳимов Хайриддин ва Алиев Ҷовидон ба 30 нафар маъюбони ноҳия кӯмаки яквақтаинаи  моддӣ  расонида шуд.

Маъюбони ноҳия иқдоми  намояндагони соҳибкорони тоҷик дар Федератсияи Россияро бо хушнудӣ пазируфта, кӯмаки онҳоро яке аз ҳадафҳои пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистанд.

Чунин иқдомҳои хайрхоҳона аз ҷониби намояндагони соҳибкорони тоҷик дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.