ДАРЁФТИ ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН

Printer-friendly versionSend by email

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва дастгирии ҳамаҷонибаи истеъдодҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб тасмим гирифтааст, ки бахшида ба 20 – солагии Ваҳдати миллӣ ва «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 озмуни ҳизбӣ таҳти унвони «Навоварӣ ва ихтироъкорӣ тақозои замон аст» эълон намояд.

Ҳамин тариқ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Исмоили Сомонӣ» бо ташаббуси якҷояи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб озмуни «Навоварӣ ва ихтироъкорӣ тақозои замон аст» бо иштироки аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор карда шуд.

Чорабинӣ нахуст аз пешвозгирии мутантани меҳмонон оғоз гардид. Баъдан чорабинӣ бо намоиши истеъдодҳои навоварон ва ихтироъкорони ҷавон идома ёфта, аз тарафи ҳайати тадорукот ба ҳар як иштирокчии чорабинӣ баҳои одилона ва шаффоф  доданд.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, шоираи ваҳдатсаро Хосият Вализода, мудири Шӯъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри  Кӯлоб Раҳмонзода Абдулманон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Исмоили Сомонӣ» Нурулло Салимов, роҳбари Бахши  намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидов ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва сухаронӣ  намуданд.

iht2.JPGiht3.JPG

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.