Гул шинон дар домани поки Ватан

Printer-friendly versionSend by email

Бо мақсади иҷрои  шартҳои Аксияи ҳизбии «Покизагии хоку обу ҳавои Ватан аз обҳои поку мусафои он аст» имрӯзҳо аъзо ва тарафдорони ҲХДТ,      кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои муайянеро ба анҷом додаанд.

Ҷавобан ба муроҷиати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ, раиси шаҳр  Амирулло Асадулло оид ба корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва иҷрои қарорҳои раиси шаҳр «Дар бораи эълон намудани «240 рӯзи ободонӣ ва гулшинонӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа» аз 23 декабри соли 2016, №597 ва «Дар бораи эълон намудани «120 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа» аз 30 январи соли 2017,№6/2 ҷаҳду талош доранд.

Ин амали хайр ба ободу зебо гардидани маркази вилоят мусоидат карда, гувоҳӣ аз он медиҳад, ки мардуми шарифи шаҳри Қӯрғонтеппа 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллиро сарбаландона истиқбол мегиранд.

Санҷиши гурӯҳи корӣ нишон дод, ки кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Бобоҷон Ғафуров», «Бақои давлат», «Давлати поянда», «Бонки миллӣ», «Трансформатор», «Даво», «Абӯалӣ ибни Сино», «Роҳнамо», «Мактаби санъати бачагона», «Амонатбонки вилоят» ва ғайра ба корҳои ободониву гулшинонӣ аҳамияти хоса медиҳанд. Корҳои ободониву гулшинонӣ дар маҳаллаҳои Умари Хайём, С.Айнӣ, Ҷ.Румӣ, Ваҳдат, Борбад ва хиёбони Рӯдакӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст.

hhd2.JPGДар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба масъалаи ободонӣ ва кабудизоркунӣ кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Боғбунёд» машғуланд. Онҳо кӯчаҳои асосии шаҳрро пурра ба гулшинонӣ омода карда, айни замон шинондани гулҳои мавсимиро дар кӯчаҳои Ваҳдат аз даромадгоҳи шаҳр, то майдони Исмоили Сомонӣ асосан ба охир расониданд. Кор дар кӯчаҳои Борбад, Румӣ, Айнӣ идома дошта, баҳри муваффақона анҷом додани ин маърака шароиту имкониятҳо мавҷуданд.

Чунин корҳои ободонию гулшинонӣ дар ҳама кӯчаю маҳаллаҳо ва гулгаштҳои шаҳри Қӯрғонтеппа бо маром идома дорад.

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.