ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ИДОМА ДОРАНД

Printer-friendly versionSend by email

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани  20-солагии Ваҳдати миллӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва корхонаву муассисаҳо таҳти унвони  «Таблиғот тавассути созандагиву бунёдкорӣ» шанбегӣ эълон намудааст.

Ҳамин тариқ тамоми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ сарабаландона дар назди корхонаву муассисаҳо шанбегӣ доир намуда, дар рафти корҳои ободониву созандагӣ  аз тарафи ширкаткунандагон роҳравҳои шаҳр, назди корхонаву муассисаҳо ва маҳалҳои зист тозаву озода карда шуда, дар баробари баргузории шанбегӣ   бехи ниҳолҳои сояафкану ороишӣ  нарм  карда шуданд.

Чунин иқдомҳои нек дар ҷамоатҳои деҳоти ҳудуди шаҳри Кӯлоб низ сурат гирифта, мардуми деҳот дар баробари нарм кардани дарахтон ҳамчунин ба тоза кардани ҷӯю қубурҳои обгузар,  покизаву обод намудани ҷойҳои таърихию ҷамъиятӣ  пардохтанд.

Дар ин чорабинӣ фаъолияти Ситодҳои доимоамалкунандаи таблиғотии ҳизбии ҷамоатҳо  назарас  мебошанд.   

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.