Вохӯрии хотирмон

Printer-friendly versionSend by email

Вохӯрии  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода бо фаъолону ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг баргузор гардид.

 Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг Сафар  Халилов кушода, сухани навбатиро ба раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода дод.

 Аҳмадҷон Ализода бо таҳлилҳои мушаххас оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, самарабахш намудани фаъолияти ситодҳои доимоамалкунандаи  таблиғотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  ҷамоатҳои деҳот ва оид ба  кор бо ҷавонон дар руҳияи илмомӯзиву Ватанпарастӣ  тарбия намудани ҷавонон дастуру супоришҳои судманд дод.

Баъдан  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро  Аҳмадҷон Ализода ба чор нафар фаъолони ҳизб Ифтихорномаву Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон супорид. Инчунин Аҳмадҷон Ализода ба 10  нафар аъзои Бахши намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» - и ноҳия, ки ба сафи ҳизб шомил шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбиро  дар вазъияти  тантанавӣ супорид. 

Дар ин вохӯрии корӣ узви Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг, раиси ноҳияи Ховалинг Нурулло Мирзозода иштирок ва суханронӣ намуд ва ба Аҳмадҷон Ализода  барои дастуру супоришҳо, ки барои ба сатҳи баланд бардоштани кору фаъолияти  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолгардонии  кори ситодҳои доимоамалкунандаи  ҳизбӣ мусоидат хоҳанд кард, изҳори миннатдорӣ баён намуд.

lgh3.pnglgh2.png

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.