Вохӯрии судманд бо ситодҳои таблиғотии ҳизбӣ

Printer-friendly versionSend by email

Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ, ҷиҳати фаҳмонидани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 ва дар ҳамин замина ҳисса гузоштан дар амалӣ гардидани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, тибқи қарори Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 24-уми январи соли 2017 вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Аҳмадҷон Ализода бо фаъолони ҳизби шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардида истодаанд.

 Чунин як вохӯрӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён баргузор гардид, ки дар он аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, роҳбарону аъзои Ситодҳои доимоамалкунандаи таблиғотӣ, Ҷамъияти таблиғотии “Фарҳанги сиёсӣ, комиссияи кор бо занон ва ҷавонон, Бахши намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” гурӯҳи вакилии ҳизбӣ иштирок доштанд.

Ҷамъомади мазкурро бо суханони муқаддимавӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадаюб Шарипов ҳусни оғоз  бахшида , изҳор дошт, ки чунин суҳбату вохӯриҳо қариб дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят доир гардиданд, ки мақсади асосии онҳо шиносоӣ бо фаъолияти Ситодҳои таблиғотӣ  ва гуруҳҳои мобилии ҳизбӣ мебошанд. Сипас,  узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини раиси ноҳияи Қубодиён Тоҷинисо Шарипова баромад намуда, оид ба  моҳияту фаъолияти ситодҳои доимоамалкунандаи ҳизбӣ  ва нақши онҳо дар корҳои фаҳмондадиҳӣ  гуфта гузаштанд.

Фаъолзанону ҷавонони   ноҳия Т. Хуҷамбердиева,  Ҷ. Назаров раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб А. Авғонов ва раиси ҷамоати шаҳраки Қубодиён Саъдӣ Ниёзов баромад намуда, оид ба  фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ   дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ  дар назди ҳозирин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода суханронӣ карда, оид ба  дастовардҳои даврони истиқлолият, осудагию оромии кишвар , тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, ҳифзи марзу бум ва муқаддасоти он, фаъолияти имрӯза ва вазифаҳои ояндаи аъзои Ситодҳои доимоамалкунандаи ҳизбӣ, ҶТ “Фарҳанги сиёсӣ”, Бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, гурӯҳҳои мобилӣ ва ҳамкориҳо дар самти таъмини  амнияти Ватан  гуфта гузашта, ҳозиринро ба меҳнати фидокорона баҳри пешрафту тараққиёти кишвар даъват намуд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва самимона баргузор шуда, мақбули ҳамагон гардид.

vg2.jpgvg3.jpg

 

 

 

 

 

 

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.