Вохӯрии ибратбахшу хотирмон

Printer-friendly versionSend by email

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, дар ноҳияи Шаҳритуз вохӯрии  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар вилоят Аҳмадҷон Ализода, бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, собиқадорону фаъолони ҳизб ва  Ситодҳои  доимоамалкунандаи  ҳизбӣ, комиссияҳои кор бо занону ҷавонон, аъзои комиссияи тафтишотӣ, бахшҳои намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан», гурӯҳи вакилии ҳизбӣ, аъзои гурӯҳҳои мобилӣ, намояндагони ниҳодҳои қудратӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид.

Аҳмадҷон Ализода дар назди ҷамъомадагон аз дастовардҳои  даврони истиқлолият ёдовар гардида,  оид ба  мавқеи  роҳбарикунандаи ҲХДТ дар ҷомеа, роҳҳову усулҳои  амалигардонии  барнома ва ҳадафҳои ҲХДТ,   мавқеи ситодҳои доимоамалкунандаи  ҳизбӣ, вазифаҳои Ҷамъиятҳои таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ», мавқеи занон, ҷавонон, ходимони дин ва  ташкилотҳои ҷамъиятӣ муфассал суханронӣ намуд.

Инчунин дар назди  ҳозирин раиси Шӯрои вилоятии собиқадорони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Исмоил Шафиев баромад карда, аз  ҷавонон , аъзои  ТҶҶ «Созандагони Ватан», аъзои  ситодҳои ҳизбӣ ва ҳамаи фаъолони ҳизб  даъват ба амал овард, ки дар кори созандагиву бунёдкорӣ пешсафи ҷомеа бошанд ва зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Баъдан раисони ситодҳои доимамалкунандаи ҳизбӣ, аъзои Ҷамъияти таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ» ва  намояндагон аз гурӯҳҳои мобилӣ оид ба корҳои анҷом додаашон ҳисобот доданд.

Сипас, раиси ноҳияи Шаҳритуз  Абдуалим Исмоилзода суханронӣ намуда, барои чунин як вохӯрии ибратбахшу хотирмон ба Аҳмадҷон Ализода ва Исмоил Шафиев изҳори миннатдорӣ баён  кардаву онҳоро бовар кунонид, ки ҷонибдорон ва аъзои  ҲХДТ  баҳри дар амал татбиқ намудани  ҳадафҳои  барномавии ҳизб ва амалигардонии Аксияҳои  ба тозагӣ эълон намудаи ҲХДТ пешсафиро аз даст нахоҳанд дод. 

ghj3.jpgghj2.jpg

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.