ВОХӮРИИ АҲМАДҶОН АЛИЗОДА БО ҲИЗБИЁНИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

Printer-friendly versionSend by email

Дар  толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода  бо фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат, комиссияҳои кор бо занону ҷавонон, Бахши намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан”, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони Ситодҳои таблиғотии доимамалкунандаи ҳизбӣ, Ҷамъияти таблиғотии “Фарҳанги сиёсӣ”, имомхатибон,   аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Вохӯриро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Насимҷон Ғоибзода     ҳусни оғоз бахшида, суханро ба узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб,  раиси ноҳия   Зарифзода Почохон дод. Зарифзода Почохон оид ба  фаъолияти қаноатбахши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва саҳми ҳизбиён  дар пешрафту шукуфоии ноҳия сухан карда, дар рафти суханронӣ  аз иштирокдорони вохӯрӣ  саҳмгузор будан дар ҳама  соҳаҳои хоҷагии халқ, баҳри рушду нумуи  Ватан  даъват ба амал овард. Баъдан раиси Ситоди таблиғотии доимамалкунандаи ҳизбии  ҳудуди ҷамоати деҳоти Шӯрообод Дилбар Файзуллозода, раиси собиқадорони ҷангу  меҳнат Собирҷон Расулов ва узви собиқадорони ҳизбӣ Мирмад Зарифов  оид ба Ситоди ҳизбии ҳудуди ҷамоат ва нақши он дар корҳои ноҳиявӣ, зуҳуротҳои номатлуб, экстремизм, терроризм, ба бар намудани либосҳои бегона, ки ба маданияти мо халал мерасонанд ва пойдории сулҳу ваҳдат сухан ронданд. Дар охир раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода ба сухан баромада, кору фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро қаноатбахш арзёбӣ намуда,  баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо, инчунин барои пурзӯр  намудани  фаъолияти Ситодҳои доимоамалкунандаи таблиғотии ҳизбӣ ва ҳамкориҳо бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баҳри нигоҳ доштани пойдории соҳибихтиёрӣ ва сулҳу субот дастурҳои мушаххас дод.

shuy3.JPGshuy2.JPG

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.